Ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои Суғд чор рӯз маҳдуд мешавад

Вобаста ба сафари серӯзаи кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар роҳҳои вилояти Суғд чор рӯз маҳдудияти ҳаракати нақлиёт ҷорӣ мешавад.

Бино ба иттилои ШБДА-и вилояти Суғд, маҳдудиятҳо аз имрӯз, 29-уми март то 1-уми апрел идома хоҳанд ёфт.

Имрӯз, 29-уми март кӯчаҳои марказии шаҳри Бӯстон, шоҳроҳи Бобоҷон Ғафуров — Хуҷанд, кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, роҳи Гулистон — Хуҷанд то Боғи миллӣ баста мешаванд.

30-юми март ҳаракат дар кӯчаи марказии шаҳри Истиқлол, шоҳроҳи Хуҷанд — Ғафуров, кӯчаҳои И. Сомонӣ то Р. Ҳоҷиев (Раҳимӣ)-и шаҳри Хуҷанд маҳдуд мегардад.

31-уми март роҳ аз деҳаи Хаштяки ноҳияи Спитамен то ҷамоати деҳоти Абдураҳмони Ҷомӣ ва деҳаи Зафарободи ноҳияи Зафаробод баста мешавад.

1-уми апрел дар кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи Хуҷанд — Бобоҷон Ғафуров, Хуҷанд — Конибодом то шоҳроҳи ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Б. Ғафуров, роҳи Конибодом — Деҳмой аз ҷамоати деҳоти Исфисор, роҳи мошингарди Овчӣ — Қалъача, деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Ғозиён, аз Деҳмой то ҷамоати деҳоти Ёва, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз пули маҳаллаи Сартуқай то маҳаллаи 3, кӯчаҳои Р. Хоҷиев, И. Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Ҷӯра Зокири Хуҷанд ҳаракат маҳдуд карда мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон, сафари ӯ ба вилояти Суғд то 31-уми март идома ёфта, дар ин муддат ӯ дар ифтитоҳи як қатор иншоот дар навоҳии мухталифи вилоят низ ширкат хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *