Тоҷикистону Чин дар ВМКБ пул месозанд

— Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва “Корпоратсияи чинии роҳу пул” қарордоди муштарак имзо карданд,- хабар медиҳад дафтари матбуоти вазорат.

Ба гуфтаи манбаъ, ин қарордод сохтмони роҳу пулҳоро дар ҳудуди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар доираи марҳилаи чоруми лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои минтақавии Осиёи Миёна” дар бар мегирад.

Арзиши ин тарҳ беш аз 31 миллион доллар буда, муҳлати ба истифода додани иншоот аз рӯзи сохтмон 30 моҳ аст. Дар доираи нақша сохтмони пул аз болои рӯдхонаи Ғунд ба дарозии 200 метр, воқеъ дар хиёбони Ш. Шоҳтемури шаҳри Хоруғ ба анҷом мерасад. Инчунин, роҳҳои ба он вобаста, ки дарозиашон зиёда аз 1 километр мебошад.

Дар ноҳияи Шуғнон бо дарназардошти сохтмони долони тарма (550 м) ва пули тақрибан 83 метр роҳи дарозиаш 3,4 километр сохта мешавад.

Вазири нақлиёт Азим Иброҳим гуфтааст, ки тамоми корҳои сохтмонӣ бояд бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муқарраршуда тибқи талаботу стандартҳои амалкунанда анҷом дода шаванд. Ба гуфтаи ӯ, дар бунёди иншоот бояд таҷҳизоти пуриқтидори муосир ва мутахассисони ботаҷриба ҷалб карда шаванд.

Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи назди вазорат ва ширкати муштараки консалтингии ISAN Corporation + LLP M50 Consulting Group рафти корҳои сохтмонро назорат хоҳанд кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *