митинг

Ҳазорҳо муҳоҷири ӯзбеку тоҷик дар Маскав ба митинг баромадаанд

Дар Маскав ҳазорон муҳоҷир зидди ширкати сохтмонии “Крокус-Групп”, ки дар он ҷо кор мекунанд, эътироз кардаанд. Муҳоҷирон 4 моҳ боз маош нагирифта будаанд. Барои пароканда кардани эътирозгарон муҳофизон аз силоҳи травматикӣ ба ҳаво тир холӣ кардаанд.

Тоҷикон дар Русия тибқи қонун кор мекунанд, аммо то ҳанӯз ба полис муроҷиат накардаанд. Яке аз муҳоҷирони тоҷик бидуни ифшои номаш гуфтааст, ки посбонҳои ширкати “Крокус-Групп” бо силоҳи травматикӣ барои пароканда кардани эътирозгарон ба ҳаво тир холӣ кардаанд.

“Дар ин ширкат ҳудуди ҳазор муҳоҷири тоҷик кор мекунанд. Мо аз ноябри соли гузашта даромаде нагирифтаем. Музди миёнаи мо аз 50 то 60 ҳазор рубл аст”,- гуфтааст ӯ.

Коргарон гуфтаанд, ки дар сохтмони комплекси истиқоматии Левобережний иштирок доранд. Холдинг ба соҳибкори озарбойҷонӣ Ораз Агаларов тааллуқ доштааст. Намояндагони ширкат ваъда додаанд, ки дар аввали моҳи март маошро медиҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *