Мегафон

Дар Тоҷикистон истифодаи хизматрасониҳои молиявӣ-техникиро ёд медиҳанд

Дар Тоҷикистон лоиҳаи бомиқёси омӯзишӣ оғоз ёфт, ки дар рафти он шаҳрвандони кишвар технологияҳои рақамии молиявиро хоҳанд омӯхт. Доир ба хизматрасониҳои муосири молиявӣ-техникӣ коршиносони сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ маълумот медиҳанд. Ба ҳайси ташаббускори лоиҳа аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ баромад менамояд.

Технологияҳои молиявӣ ё худ хизматрасониҳои молиявӣ-техникӣ – самти ояндадорест, ки фаъолона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инкишоф меёбад. Fintech-хизматрасониҳои рақамӣ на танҳо хизматрасониҳои анъанавии бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявиро бомуваффақона пурра менамоянд, балки аллакай онҳоро  иваз карда истодаанд. Сокинони кишвар маблағи молу хизматрасониҳо бо ёрии QR-рамзҳо, ҳамёнҳою замимаҳои мобилӣ пардохт мекунанд, бо ҳамин восита интиқолҳои пулиро низ анҷом медиҳанд. Бо вуҷуди ин, ҳоло на ҳама дар бораи ҷиҳатҳои мусбати хизматрасониҳои молиявӣ-техникӣ маълумот доранд. Баҳри бартарафсозии маҳз ин камбудӣ тренингҳои махсусе пешбинӣ карда шуданд, ки дар тамоми кишвар гузаронида хоҳанд шуд.

Гузаронидани машғулиятҳои омӯзишӣ дар чунин шаҳрҳо, ба монанди Душанбе, Бохтар, Ваҳдат, Ҳисор, Панҷакент, Турсунзода, Хоруғ ва Хуҷанд ва инчунин дар дигар ноҳияҳои Тоҷикистон ба нақшаи ташкилкунандагон дохил гардидааст. Мавзӯи асосии тренингҳо шиносоӣ бо технологияҳои ҷаҳонии молиявӣ ва хизматрасониҳои мушаххаси молиявӣ-техникӣ, ки дар ҳалли масоили ҳаррӯзаи корӣ ё маишӣ дар кишварамон мусоидат хоҳанд кард, ба ҳисоб меравад.

Аввалин шуда дар тренинг меҳмонони “Русское пространство” дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Дар назди онҳо Андрей Яркин – мутахассиси касбии молиявии сатҳи баланд бо таҷрибаи корӣ дар ширкатҳои бузургтарини ФР ва Тоҷикистон ва айни замон директори молиявии “МегаФон Тоҷикистон” баромад намуд. Як қатор хизматрасониҳои молиявӣ-техникии оператор маҳз бо иштироки ӯ таҳия карда шудааст. 

“Имрӯз ман нишон додам, ки кадом хизматрасониҳои рақамиро метавон барои ҳалли вазифаҳои молиявии худ ҳамагӣ бо якчанд пахш истифода намуд. Истифодаи хизматрасониҳои молиявӣ-техникӣ хеле қулай буда, вақти хеле камро мегиранд: зарур нест, ки идораҳои бонкҳо, терминалҳои пардохтӣ ё банкоматҳоро ҷустуҷӯ намоед, барои чунин мақсадҳо танҳо смартфоне, ки ҳамеша бо Шумост, кифоя аст. Мутмаинам, ки дар ҳар як тренинг иштирокчиён маълумотҳои нав ба навро ба даст оварда, олами хизматрасониҳои молиявӣ-техникиро барои худ кашф менамоянд!” – мегӯяд Андрей ЯРКИН.  

«Вақте фаҳмидам, ки дар кишвари мо хизматрасониҳои молиявӣ-техникӣ пайваста тараққӣ мекунанд, хеле шод шудам. Иштироки ман бесабаб набуд. Ман ҳар моҳ  ҳангоми пардохти маблағи ХКМ бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешавам. Гоҳе вақт намеёбам, ки рафта маблағро пардохт кунам, гоҳе маблағи нақд надорам. Ва вақте нозир ба хонаам меояд, аз ваъда додани он, ки пагоҳ аниқ месупорам, хиҷолат мешавам. Акнун бошад, ман мефаҳмам, ки тамоми ин муддат ман тавассути смартфон маблағи барқ, об ва бисер хизматрасониҳои дигарро пардохт карда метавонистам! Инчунин метавон пардохти автоматиро танзим намуд, бо он ман метавонам умуман хавотир нашавам, ки чизеро фаромӯш мекунам ё вақтро аз даст медиҳам.  Хеле хуб, ки мо масъалаҳои молиявии худро метавонем дар хона ё ҷойи кор ҳамагӣ дар як ё ду дақиқа ҳал намоем!” – аз таассуроти худ сухан гуфт иштирокчии тренинги якум Аниса УМАРОВА.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *