Ҳоҷибинон-тарси асосии ҳоҷишав

— Ҳоло мегӯянд ҳаҷравӣ ҳеҷ гап не, дарди сари асосӣ ҳоҷибинон шудааст. Инро мегӯянд шикампарварӣ. Бале, ин дақиқ шикампарварист, на чизи дигар. Як бор навишта будам, 1 гов, 2 гӯсфанд куштем, нарасид, ҳоло гӯштхарӣ рафта истодаам,- гуфт писари ҳоҷӣ.

Харҷи ҳаҷ барои 1 нафар тахминан 15-16 ҳазор сомонӣ аст. Аммо харҷи ҳоҷибинон 2 карат аз ин зиёд мешавад, ёбеду гиред.

Туҳфа доданро бас кунед, безор шудем аз тасбеҳу арақчинҳои хитоӣ.

Солҳое, ки падари ман ҳаҷ рафт — соли 1976 аз водии Кӯлоб касе ҳаҷ нарафта буд. Ёд дорам, падарам 101 дона тасбеҳро ба 101 нафар дод. Ҳукумати Шӯравӣ мардум серу пур буд. Парвои хӯрдан надоштанд. Аслан одамон ҳоҷизиёрат меомаданд. Як салом карда, мерафтанд. Он як навъ мазмун дошт. Падарам низ туҳфаи зиёд наоварда буд. Ҳамон донаҳои тасбеҳ ҳам ба ҳама нарасид. Зеро тамоми водии Кӯлоб ба зиёрат омада буд. Ҳоло чӣ?

Ҳоло шукр замони соҳибистиқлолӣ, қариб дар ҳар хона 1-2 ҳоҷӣ ҳаст. Пас чӣ ҳоҷат ба ин гуна зиёрат? Чӣ ҳоҷат ба ин гуна исроф? Бовар кунед, мардум безор шудааст, вале намедонад чӣ кор кунад.

Ҳоҷиталбон дарди бахайр буд, касе имкон дошт, металбид ҳоҷиро, намедошт, ҳеҷ чиз.

Аммо ҳоҷибинон як ҳодисаи тамоман дигар аст. На нанг мондааст, на номус, ҳама ба якборагӣ ҳуҷум мекунанд ва беибо дастҳоро шуста, аз боло мегузаранд. Хайр ана ҳаҷ рафт, омад, баъд чӣ? Дигар зиёрати бо мақсади шикампуркунӣ ба кӣ даркор? Чӣ маъно дорад? Шуъбаҳои танзим низ ин ҷиҳатро назорат намекунанд. Ҳар касу дави аспаш.

Чӣ бояд кард?

Пешниҳод дорам:

Ҳоҷибинон пурра аз байн бардошта шавад. Назоратро сахт кардан даркор, то ҳоҷӣ гов ё гӯсфанд накушад. Ҳоло боз тарабхона фармоиш дода истодаанд.

Саъдӣ МАҲДӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *