Ҳукми қотилони Қошуқчӣ эълон шуд

Баъд аз ду сол пас аз қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори танқижгари ҳукумати Арабистони Саудӣ дар консулгарии он кишвар дар Истанбул, Пркуратураи генералии Арабистони Саудӣ 7-уми сентябр ҳукми ҳашт тан аз муттаҳамонро эълон намуд ва ин парвандаро «поёнёфта» эълон кард.

Ба гузориши хабаргузории «Рейтерз», панҷ муттаҳами ин қатл ҳар як ба 20 сол ҳабс, як муттаҳам ба 10 сол ва ду муттаҳам ба ҳафт солӣ зиндон маҳкум шуданд.Суди марҳилаиаввалӣ дар Саудӣ ҳудуди даҳ моҳ пеш панҷ тан аз муттаҳамонро ба қатл маҳкум карда буд, аммо ин муҷозот дар марҳилаи кассатсионӣ ба 20 сол коҳиш ёфт. Суди Саудӣ дар марҳилаи аввал се тани дигарро низ ба 24 солӣ ҳабс маҳкум карда буд. Арабистони Саудӣ номҳои ҳеҷ яке аз ин маҳкумшудаҳоро эълон накардааст.Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзи 2-юми октябри соли 2018 вақте, ки барои дарёфти санадҳо ба консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул муроҷиат кард, то битавонад бо номзади турки худ Хадиҷа Чингиз издивоҷ кунад, дигар аз он бино берун наомад.

Номзади ӯ соатҳои тӯлонӣ дар берун аз консулгарӣ мунтазири ӯ буд ва бо тамос бо мақомоти Туркия, таваҷҷуҳи онҳоро ба нопадид шудани ин рӯзноманигор ҷалб кард. Ҷамол Хошуқҷӣ, ки дар замони фаъолияти худ бо хонадони подшоҳии Саудӣ робитаи наздик дошт, пас аз ҳимоят аз ислоҳот дар низом ва хуруҷ аз кишвараш, барои рӯзномаи «Вашингтон пост», мақола менавишт ва дар нишастҳои байналмилалӣ суханронӣ мекарду ҳукумати Саудиро танҷид менамуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *