Ҳунарнамоии пианинонавози машҳури рус дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳи он, ки дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ доир шуд, муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён, муовини вазири фарҳанги Федератсияи Русия Надежда Преподобная, намояндагони корпуси дипломатӣ ва аҳли фарҳангу ҳунар иштирок намуданд.

Дар фазои тантанавӣ барномаи ҷолиби ҳунарии пианинонавози машҳур, Ҳунарманди халқии Русия Денис Матсуев манзури аҳли нишаст гардид. Ҳунарманд бо маҳорати баланди эҷодӣ оҳангҳои классикӣ ва ҷазро дар сози пианино пешкаши аҳли фарҳангу ҳунари мамлакат гардонид, ки ҳозирин бо кафкӯбиҳои бардавом баромади ӯро истиқбол гирифтанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *