Ҳушдори БОР ба Тоҷикистон: Рушди иқтисод коҳиш меёбад!

Бонки Осиёии Рушд (БОР) пешгӯӣ кардааст, ки соли ҷорӣ рушди иқтисод дар Тоҷикистон аз 8%-и соли гузашта то 5,5% коҳиш хоҳад ёфт.

«Маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар (ММД) имсол аз 8%-и афзоиши соли 2022 ба 5,5% коҳиш хоҳад ёфт»,- гуфта мешавад дар “Шарҳномаи рушди Осиё”.

Таҳлилгарони Бонки Осиёии Рушд инчунин пешгӯӣ мекунанд, ки рушди иқтисод вобаста ба рушди истихроҷи маъдан ва дигар соҳаҳо ва инчунин сабукии андоз дар соли 2024 то 6,5% барқарор хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Шанни Кэмпбел, намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон, афзоиши ММД-и кишвар дар солҳои охир асосан аз ҳисоби тавсеаёбии саноат ва сохтмон, бахусус, истихроҷи маъдан ва сармоягузории давлатӣ сурат гирифтааст. Вай муътақид аст, ки гузариш ба иқтисоди рақамӣ метавонад рушди иқтисодии Тоҷикистонро суръат бахшида, хидматрасонии давлатиро беҳтар созад ва инчунин нобаробарии иқтисодию иҷтимоиро коҳиш дода, сармоягузориро пеш барад.

Бар асоси ин гузориш, алоқаи рақамии нокофӣ ва гаронарзиш монеи рушди рақамӣ дар Тоҷикистон мегардад. Кишвар аз ҷиҳати обунаи фарохмаҷрои интернети мобилӣ аз кишварҳои дигари минтақа қафо мемонад. Соли 2021 танҳо 44% хонаводаҳо ба он обуна шудаанд ва танҳо сеяки аҳолӣ аз интернети мобилӣ истифода мебаранд.

Мақола пешниҳод мекунад, ки субсидияҳои мақсаднок метавонанд обунаҳои интернетиро дастрастар кунанд. Илова бар ин, давраҳои омӯзишии барномасозӣ ва рамзгузорӣ барои ҷавонони манотиқи дурдаст метавонад дурнамои ҷойҳои кориро дар кишвар беҳтар созад ва муҳоҷирати меҳнатиро коҳиш диҳад.

«Ҳукумат метавонад масъалаи таъсиси марказҳои хидматрасонии давлатӣ дар саросари кишварро баррасӣ кунад, ки дар онҳо вазорату идораҳо ба як сохтори ягона муттаҳид карда шуда бошанд, то ба соҳибкорон ва шаҳрвандон хидматрасониҳои давлатиро муассир ва шаффоф расонанд»,- ҳамчунин гуфта мешавад дар гузориш.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *