Истаравшан: Оғози парвандаи ҷиноятӣ бо гумони гирифтани пора

Як мутахассиси корхонаи “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар Истаравшан ба далели гирифтани пора барои гирифтани шаҳодатномаи истифодабарии замин гунаҳгор мешавад.

Бино ба иттилои Оҷонсии зидди фасод, гумонбар Музаффар Пулотов, ки ба ҳайси мутахассиси шуъбаи барӯйхатгирии техникии ин корхона кор мекардааст, “аз шаҳрванд “А” барои мусоидат намудан ҷиҳати гирифтани шаҳодатномаи истифодабарии замин ва шаҳодатномаи қонунигардонии дороиҳо ба манзили номбурда маблағи 33000  сомониро бо роҳи фиреб гирифта, тасарруф намуда, ба охирин зарари калони моддӣ расонидааст”.

Вале назари худи гумонбаршуда маълум нест.

Нисбати Пулотов Музаффар бо моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *