Диловар Сафаров

Ҳушдори Диловар Сафаров: Силсилафилм тамошо накунед!

Диловар Сафаров, блогери маъруфи тоҷик дар ютубканали худ наворе бо номи “Аз ин сериалҳо эҳтиёт кунед!” нашр кард, ки меҳвари суханрониаш сабабҳо ва пешгирии пошхӯрии оилаҳо мебошад.

— Мардони муҳтарам, занҳои худро наҷот диҳед, занҳо, модарҳо, холаҳо, духтарҳои худро аз сериалҳо наҷот диҳед. Занҳои моро ин сериалҳо ба каҷӣ мебаранд. Бубинед, ин сериалҳо занҳои оиладорро талқин мекунанд, ки дар баробари ҳамсар боз хушдор дошта бошанд. Бубинед, ин сериалҳо миёни келину хушдоман қассосгириро меомӯзонанд. Бубинед, ин сериалҳо ба занҳои мо ҷойҳои хушрӯро нишон медиҳанд ва онҳо моро маҷбур мекунанд, ки чунин маконҳо барои истироҳату сайёҳат барем. Хуллас, ин ки бояд эҳтиёт кунем,- гуфт дар навор Диловар Сафаров.

Блогер дар навораш дақиқ сериалҳоро номбар намекунад, вале дар “постер”-ҳо ва лаҳзаҳо аз филмҳои туркиро нишон дода, сабабҳои ҷиҳати манфӣ доштани онҳоро мегӯяд.

Ҳамчунин, ба фиттафурӯшону онҳое, ки ин силсилафилмҳоро паҳн мекунанд, таъкид мекунад, ки барои гарм шудани савдояшон ҳаёти дигаронро насӯзонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *