Ҳушдори КҲФ ба ронандагон: Аз туману яхбандӣ эҳтиёт бошед! (аудио)

Бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон дар қаламрави ноҳияҳои куҳӣ ва назикуҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ дар соатҳои субҳгоҳон туман, яхбандӣ дар назар дошта шуда, ҳамчунин хатари лағзиши тарма ва резиши санг вуҷуд дорад.

Дар ҳамин итибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ронандагон тавсия додааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои куҳӣ хеле эҳтиёткор бошанд. Бояд ҳама донанд, ки як кафолати аслӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои туманолуда — ин боло набурдани суръати ҳаракати мошин аст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ронандагон хотиррасон мекунад, ки меъёри суръат ва қоидаҳои ҳаракатро риоя кунанд, ба ҳолати техникии мошин, бахусус системаи тормоз, ҳолати чархҳо ва мутобиқати онҳо ба мавсим таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд, чароғҳои мошин бояд фаъол бошанд.

Кумита ҳамзамон чанд тавсияи дигар додааст:

— Ором ҳаракат кунед, аз ҷой бо суръати паст мошинро ба ҳаракат дароред;

— бо суръате ҳаракат кунед, ки бехатарии шуморо таъмин карда тавонад, ҳангоми убур аз назди мактабҳо, ки маъмулан хонандагон зиёданд, оҳиста мошин ронед. Дар гардишҳо ва ҳангоми гузаштан аз болои пулҳо дақиқ бошед, саросема нашавед, суръати ҳаракатро ҳаргиз боло набаред, ҳангоми ҳаракат дар нишебиҳо низ;

— ҳангоми ҳаракат дар чунин ҳаво талош кунед фосилаи байни мошинҳо бештар аз ҳолати маъмулӣ бошад, зеро ин гарави бехатарист;

— ба хотири дар барфтӯда ё ях дарнамондан ва ё налағжидани чархҳои мошин аз гардиши ногаҳониву тезутунд худдорӣ намоед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *