Ҳушдори КҲФ: хатари омадани сел боқист!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 21-22-юми июли соли равон дар як қатор ноҳияҳои ғарбии ВМКБ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хатари омадани селҳо ба асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад, дар ҳавзаи дарёи Панҷ бошад, болоравии сатҳи об дар назар дошта шудааст.

Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки ҳангоми ҳаракат аз роҳҳои куҳиву ағбаҳо, ҳангоми ғунучини ҳезуму гиёҳҳои куҳӣ, моҳидориву шикор эҳтиёт кунанд.

Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки ба хотири пешгирӣ аз хатари селҳои эҳтимолӣ сар вақт ҷӯйборҳо, каналҳо ва селроҳаҳои минтақа ва макони зисти худро аз ҳар гуна хасу хаспораҳо тоза кунанд, то оби сел бемамониат ба як маҷрои бехатар ҷорӣ шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *