Ҷаласаи солона ва нақшаи соли 2022

7-уми декабр ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ) баргузор шуд, ки дар он ҳисоботи Кумита дар солҳои 2017-2021, нақшаи кор ва буҷети кумита дар соли 2022 муҳокима ва барои тасдиқ ба ҷаласаи Ассамблеяи генералии кумита пешниҳод шуданд.

Дар асоси нақшаи кори КМО Тоҷикистон дар соли 2022 таҷлили 30-солагии таъсисёбии КМОТ, инчунин иштироки ҳайати олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Пекини Чин, Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоуи Чин, Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Кунияи Туркия, Бозиҳои варзишии “Бачаҳои Осиё” дар Владивостоки Русия ва Бозиҳои осиёии наврасон дар Шантоуи Чин пешбинӣ шудааст.

Бо қарори Кумитаи иҷроия ҷаласаи 21-ум Ассамблеяи генералии КМО Тоҷикистон рўзи 28-уми декабр дар шаҳри Душанбе даъват карда мешавад.

Кумитаи иҷроия, ҳамчунин тақсимоти маблағи Барномаи дастгирии молиявии варзишгарон-Париж-2024-ро барои 17 варзишгар тасдиқ карда, барои мувофиқа ба Ҳамбастагии олимпӣ пешниҳод кард.

Барномаи дастгирии молиявии варзишгарон – Париж-2024 аз моҳи январи соли 2022 шуруъ гардида, то августи соли 2024 идома меёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *