Ҷазои шадид барои Ҳаҷи ғайриқонунӣ дар Арабистони Саудӣ
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба маълумоти расмии Вазорати корҳои дохилии Арабистони Саудӣ иттилоъ медиҳад, ки аз 29 апрели соли 2025 то поёни мавсими Ҳаҷ, барои талоши вуруд ба Макка ва дигар маконҳои муқаддас бидуни иҷозатномаи расмӣ (тасриҳи Ҳаҷ), ҷазои сахт пешбинӣ шудааст.
Барои афроди бидуни иҷозатномаи расмӣ, ҷаримаи то 20 000 риёл (тақрибан 5400 доллари ИМА) муқаррар шудааст. Барои шахсоне, ки ба чунин афрод кӯмак мерасонанд, ба монанди ронандаҳо, ташкилкунандаҳову роҳбаладон, ҷаримаи то 100 000 риёл (тақрибан 27 000 доллари ИМА) пешбинӣ гардидааст.
Илова бар ҷаримаҳо, депортатсия ва манъи вуруди дубора ба қаламрави Арабистони Саудӣ низ мумкин аст татбиқ гардад.
Бо дарназардошти ин, аз шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳиш карда шудааст, ки танҳо тариқи расмӣ ва бо гирифтани иҷозатнома аз мақомоти марбута ба Ҳаҷ сафар намоянд.
Ин чораҳо бо мақсади таъмини амният, танзими ҳаҷ ва беҳтар гардондани шароити хизматрасонӣ ба зоирон амалӣ мегарданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ