Ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷонибдори ҳисоботдиҳӣ

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз фаъолияти солонаи лоиҳаи «Ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷонибдори ҳисоботдиҳӣ” натиҷагирӣ гардид.

Дар кори мизи гирд намояндагони Вазорати молия, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи андоз, Агентии омор, шарикони байналмилалӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, олимону коршиносон ва рӯзноманигорон ширкат ва суханронӣ карданд.

Чорабиниро Шаҳло Акобирова, директори Ташкилоти ҷамъиятии “Хома”, ки  ин лоиҳаро амалӣ менамояд, оғоз намуда, гуфт, ки ҳадафи лоиҳа омӯзиши рӯзноманигорон ва ба воситаи нашри дата-маводҳо саҳм гузоштан дар баланд бардоштани дарки аҳолӣ дар мавзӯҳои иқтисодӣ, махсусан “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030”, “Ислоҳоти андоз ва андозбандӣ дар Тоҷикистон”, “Механизми таъин ва пардохти Кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар Тоҷикистон” ва мусоидати мақомоти давлатӣ барои ҳисоботдиҳӣ дар назди ҷомеа мебошад.

Гуфта шуд, ки дар доираи лоиҳа беш аз 20 дата-мавод бо фарогирии 2 млн. нафар дар мавзӯҳои иқтисодӣ бо истифода аз оморҳо омода ва дар телевизону радио ва расонаҳои онлайниву чопии маҳалливу минтақавӣ нашр гардиданд.

Зикр гардид, ки аз байни 30 рӯзноманигоре, ки дархост доданд, 12 нафаре, ки дар бахши иқтисод кор мекарданд, барои ҳамкорӣ бо лоиҳа интихоб шудаанд. Ҳамчунин, барои омӯзиши рӯзноманигорон ва посух додан ба суоли онҳо дар маҳфили иқтисодии “Тавозун” мутахассисони ботаҷрибаи ниҳодҳои блоки иқтисодии Тоҷикистон ва коршиносону иқтисодшиносон ҷалб шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *