Ҷоми КФО-2022: КМВА аз «Суғдиёна» шикаст хӯрду бо “Нефтчӣ” бозӣ мекунад

Дар даври дувуми марҳилаи гуруҳии Ҷоми КФО-2022 дар чаҳоргонаи «Е» барандаи медали биринҷии чемпионати Тоҷикистон — КМВА-и Душанбе, ки тақрибан тамоми қисми дуюми вохӯриро даҳнафара бозӣ кард, аз ноибқаҳрамони Ӯзбекистон — дастаи «Суғдиёна» бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд.

Аз ҳайати дастаи шаҳри Душанбе Элчибек Рашидбеков ва Хуршед — Тимур Ҷӯраев гол заданд. Шоҳрӯз Норхонов аз ҳайати «Суғдиёна» ба номаш дубл сабт кард. Як голи дигарро Ҷасур Ҳасанови 38-сола ба самар расонд.

Дар вохӯрии дигари гуруҳи «Е» қаҳрамони Туркманистон «Алтин Асир» бар барандаи Ҷоми Қирғизистон дар мавсими гузашта — «Нефтчӣ» бо ҳисоби 1:0 ғалаба ба даст овард. Муаллифи голи ягона ва пирӯзиовар Мурат Аннаев гардид, ки зарбаи ҷаримавии 11-метраро вориди дарвоза намуд. Ҳамин тариқ, пас аз ду даври бозӣ «Суғдиёна» шаш имтиёз ба даст оварда, дар ҷадвали мусобиқа пешсаф аст. «Алтин Асир» 4 хол ва КМВА як хол дорад.

Тақдири ҷойи аввали гуруҳ 30-юми июн паз аз рақобати дастаҳои «Суғдиёна» ва «Алтин Асир» муайян мегардад. Барои баромадан ба даври навбатии мусобиқот бошгоҳи Ӯзбекистонро ҳисоби мусовӣ қаноатманд мекунад, дар ҳоле ки «Алтин Асир»-ро барои идомаи мубориза дар Ҷоми КФО танҳо пирӯзӣ лозим аст.

Дар даври ниҳоии марҳилаи гуруҳии Ҷоми КФО-2022 КМВА-и Душанбе рӯзи 30-юми июн бо тими «Нефтчӣ» бозӣ мекунад. Ин дидор дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 22:00 оғоз мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *