Ӯзбекистон дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли мошин месозад

Дар Тоҷикистон  корхонаи истеҳсоли мошинҳои Ӯзбекистон кушода мешавад. Дар марҳилаи аввал иқтидори корхона истеҳсоли 10 ҳазор автомашина дар як сол ба нақша гирифта шудааст. Баъдан ин миқдор то ба 35 ҳазор адад мошин хоҳад расид.

Дар ин бора  Созишномаи таъсиси корхонаи муштараки «Auto Motors Tajikistan» оид ба истеҳсоли автомашинаҳои сабукрави «UzAuto Motors» имзо шудааст.

Маросими  имзои Созишномаи мазкур 9 июни соли равон байни ҶСК “Алюминсохтмон”-и Тоҷикистон ва ҶДММ “»Avtosanoat invest» дар ҳошияи Форуми сармоягузории байниминтақавии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар шаҳри Бохтар доир гардидааст.

Тавре дар сомонаи ширкат uzavtosanoat.uz хабар дода мешавад, 21 апрели соли 2021 дар бораи амалисозии лоиҳа зимни сафари вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир ба Ӯзбекистон тавофуқ ҳосил шудааст. Тавре хабар дода мешавад, 21 апрели соли 2021 дар бораи амалисозии лоиҳа зимни сафари вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир ба Ӯзбекистон тавофуқ ҳосил шудааст.

Баҳри оғози корҳои татбиқи лоиҳа рӯзҳои 5-7 май гурӯҳи кории ҶС “Узавтосаноат” аз Тоҷикистон боздид намуда, иқтидори истеҳсолии ширкати шарик — “Алюминсохтмон”-ро мавриди омӯзиш қарор дод ва доир ба таъсиси корхонаи муштарак гуфтушунид гузаронид.

Маблағи умумии тадбиқи лоиҳа 2 миллион доллар пешбинӣ шудааст.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *