Тамаев

10 мошин ва 10 iPhone 14-и Тамаев барои обуначиҳояш

Тамаев, блогери шинохтаи чеченӣ дар бозии бурдноки худ 10 автомобили тамғаи “Hyundai Solaris” ва 10 телефони тамғаи  “iPhone 14”-ро барои обуначиҳои худ гузошт.

Блогер дар ин бора дар саҳифаи инстаграми хеш хабар дод ва даъват кард, ки “бо иҷро кардани чанд шарти оддӣ метавонед соҳиби яке аз ин туҳфаҳо шавед”.

Дар бозии қаблии ин блогери чечен, ки автомобили 8-миллионрубларо бо 15 адад телефони Айфон 14 пешниҳод карда буд, бурди асосӣ ба ҷавони тоҷик аз Тоҷикистон бо номи Бобоҷон насиб гардид ва Бобоҷон барои гирифтани туҳфаи худ ҳамроҳи падараш ба Чеченистон сафар карда буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *