10 сол аз фурӯши саҳмияҳои НБО “Роғун” сипарӣ гардид, сарнавишти саҳмияҳо чи шуд?

6 январи соли 2010 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи фурӯши саҳмия ва сертификатҳои ҶСК НБО “Роғун” оғоз гардид.

Нахуст ҳамагӣ ба маблағи 6 миллиард сомонӣ саҳмияҳои арзишашон 100, 500, 1000 ва 5000 сомонӣ нашр шуданд. Тибқи маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳо ва сертификати саҳмияҳои ҶСК “НБО Роғун” ба таърихи 10 феврали соли 2010-ум 706 002 413 сомонӣ ворид шуда буд. 

Гуфта мешавад, ки ҷамъияти саҳомии кушодаи “НБО-и Роғун” саҳмияҳоро бо арзиши номиналии 100 сомонӣ ва сертификати саҳмияҳоро бо арзиши 500 сомонӣ, 1000 сомонӣ ва 5000 сомонӣ бо боваринома ва сабти миқдор, рақам ва ҳаҷми маблағи саҳмияҳо ва сертификати саҳмияҳо ба Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” барои ҷойгиркунӣ супурда буд ва тибқи маълумотҳои мавҷуда шумораи дорандагони саҳмияҳои номӣ бо арзиши 5000 сомонӣ ба 22 ҳазор нафар мерасад ва шумораи дорандагони саҳмияҳои оддӣ ҳудуди 2 млн. нафарро ташкил медиҳад.

Зимнан,  дар соли 2010 маъракаи фурӯши саҳмияҳо ва сертификати саҳмияҳои ҶСК “НБО Роғун”  танҳо баъди дахолати намоядагии Сандуқи байналмилалии пул хотима ёфт. Он Тоҷикистонро ҳушдор дод, ки ҷамъоварии ин миқдор маблағ як дарсад рушди иқтисоди кишварро боздошта сармоягузорӣ ба бахши хусусӣ коҳиш хоҳад ёфт.

Бино ба маълумотҳои мавҷуда дар тӯли ду моҳи пас аз ҷамъоварии маблағи саҳмияҳо ду дарсади он тӯъмаи таваррум шуд. Баъдан Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба хулосае омад, ки 175 миллион сомонии ин пулҳоро ба панҷ бонки тиҷории кишвар бо баҳрабардории солонаи 10 дарсад вом диҳад.

Пас аз як соли додани вом Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи вақти кишвар эълон дошт, ки вомҳои дар бонкҳои тиҷорӣ гузошташудаи Роғун 11,9 миллион сомонӣ фоида оварданд.

Дар пайи фурӯши саҳмияҳо Ширкати саҳҳомии «Нерӯгоҳи Роғун» таъсис ёфт ва ҳоло он аз бузургтарин ширкати саҳҳомӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Тибқи ойинномаи ширкат фоида аз саҳмияҳои нерӯгоҳи “Роғун” танҳо баъд аз мавриди комили истифода қарор гирифтани ин нерӯгоҳ пардохт карда мешавад. То он замон афроди саҳҳомдор наметавонанд фоида талаб кунанд ё ҳатто ин саҳмияҳоро ба ҷамъият бифурӯшанд.

Бар асоси маълумоти пешакӣ барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар маҷмӯъ наздики 4 миллиард доллар зарур аст. Дар нерӯгоҳ насби 6 агрегати иқтидори ҳар кадоме 600 МВт ба нақша гирифта шудааст.

Сарбанди 335 метр гиливу хокии нерӯгоҳ баландтарин чунин сарбанд дар ҷаҳон хоҳад буд. Ин иншоот ҳамасола 17 миллиард кВт/соат нерӯи барқи истеҳсол мекунад, ки дар муқоиса бо иқтидори нерӯгоҳи Норак якуним баробар зиёдтар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *