100 млн доллар барои “Роғун”

Фонди Абу-Забии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 100,0 млн доллар ҷудо мекунад. Соишномаи молиявӣ миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва бонки мазкурро рӯзи 4-уми феврал Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Муҳаммад Сайф, раҳбари Фонди Абу-Забӣ дар шаҳри Дубай имзо кардаанд.

“Маблағи созишномаи мазкур 100,0 млн доллари амрикоиро ташкил дода, ҳадафи асосии он пешбурди корҳои сохтмонӣ ва инфрасохторӣ дар Лоти 2-и лоиҳаи стратегии кишвар – Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” мебошад”,- хабар медиҳад Вазорати молияи Тоҷикистон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *