100-солагии Айтматовро ҷашн нагиред! Посухи хоҳари нависанда ба даъвогарон
Чингиз Айтматов яке аз нависандагони бузурги олам дар асри ХХ аст. Осори мондагори ӯ дар Тоҷикистон хонандагони зиёд дорад. Ҳатто мегӯянд, ки Айтматовро дар Тоҷикистон бештар аз ватани худаш дӯст медоранд… Чандест, ки дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии Қирғизистон як навъ ҳамла ба ному осори ин нависандаи бузург оғоз шудааст. Мунтақидон Чингиз Айтматовро ба надонистани забони модариаш, яъне қирғизӣ, огоҳӣ надоштанаш аз оинҳо ва суннатҳои миллӣ, дурӣ аз дини Ислом ва даст доштанаш дар чанд қазияи номатлуби сиёсӣ айбдор мекунанд. Чанд рӯз пеш хоҳари Чингиз Айтматов Роза Турақуловна Айтматова бо нашри як муроҷиатнома ба мунтақидони бародараш посух гуфт. Чун дар ин муроиҷиатнома ба бисёр саҳифаҳои рӯзгору осори нависанда равшанӣ андохта шудааст, онро манзури шумо мегардонем.
Имрӯз бори аввал қарор додам, ки мустақиман ба мардуми бузурги қирғиз муроҷиат намоям. Барои ин сабаби вижае ҳаст.
Чанде пеш ман сахт бемор шудам ва муддати тӯлонӣ дар бемористон бистарӣ будам. Ҳоло, шукри Худо, аҳволам хуб аст. Чанд соле, ки Парвардигор бароям муқаррар кардааст, ҳамон қадар зиндагӣ хоҳам кард.
Аммо дар рӯзҳои охир дилам сахт дард мекунад… Аз он сабаб, ки бархе афрод ба паҳн кардани овозаҳо ва суханҳои носазо дар бораи бародарам Чингиз пардохтаанд ва хотираи ӯро сиёҳ месозанд.
Ман сахт андуҳгин шудам, ашк рехтам. Аз рӯзи даргузашти бародарам аллакай 17 сол сипарӣ шудааст, вале боз ҳам касоне ҳастанд, ки рӯҳи ӯро ором намегузоранд: ӯро муҳокима ва интиқод мекунанд, мисле ки гӯё бо ӯ ҳамсуҳбат будаанд ё аз дӯстони наздики ӯ бошанд.
Мардум мегӯянд: «Дар бораи мурда бад намегӯянд», вале мутаассифона, воқеият дигар хел шуд. Ӯро ҳатто пас аз маргаш низ ором нагузоштанд…
Гоҳе чунин андеша ҳам ба зеҳнам меояд:
– Оё ин корро душманони халқи қирғиз анҷом намедиҳанд? Оё қасдан намехоҳанд миёни мо нифоқ ангезанд?
Зеро овозаҳо зиддунақизанд. Ё шояд онҳо гумон доранд, ки дигар касе нест, ки аз Чингиз дифоъ кунад?
Акнун ҳақиқатро дигар касе намегӯяд: ҳамзамонони ӯ низ қариб боқӣ намондаанд…
Ростӣ, ман аз ин афрод ранҷида ҳам нестам. Бигзор ин ҳама бар дӯши виҷдони худи онҳо бимонад.
Пуштибонии бародарам аз ҷониби Манас-ота аст. Дар ин бора бузургвор Саякбой Қаралаев гуфта буд. Ман барои касоне, ки хотираи Айтматовро сиёҳ мекунанд, бадӣ намехоҳам, аммо бояд ҳушёру боэҳтиёт буд…
Соли 1991 Ата-Бейит боз шуд; дар миёни 137 нафаре, ки бегуноҳ парронда шуда буданд, устухонҳои падари ман низ пайдо шуданд. Ман тавонистам қотилони падарамро бубахшам. Ин афродро низ мебахшам. Аммо дар даруни дилам боз ҳамон савол бармегардад:
«Оё ин кӯшиши огоҳонаи душманон барои ҷудо сохтани мардуми қирғиз ва барангехтани кина нест?».
Шояд ҳадафашон ҳамин бошад, Худо медонад. Ва ман боз ҳам ҳама чизро ба доварии Худованд месупорам.
Имсол синнам ба 89 мерасад. Дар зиндагӣ бисёр чизҳоро дидаам: ҳам хуб, ҳам бад; ҳам авҷ, ҳам суқут. Аммо ҳеҷ гоҳ касе ба ман чунин дарди амиқу сангин нарасонида буд…
Пас аз боздошт ва парронда шудани падарам, хонаводаи мо дар фақру тангдастии даҳшатнок умр ба сар мебурд. Мо гуруснагӣ, маҳрумият ва сахттарин озмоишҳоро аз сар гузаронидем. Морo бо бераҳмӣ ҳамчун «фарзандони душмани халқ» таъқиб мекарданд.
Аммо сипоси беандоза ба мардуми қирғиз! Сипос ба хешовандони падарам! Ҳазорон бор ташаккур ба мардуми Шекер, ба мардуми Талас! Агар онҳо намебуданд, кӣ медонад, оё мо умуман зинда мемондем ё не? Мо маҳз ба шарофати ёрии мардумони одӣ зинда мондем.
Сипоси хос ба модарам – Нагима Айтматова. Бо вуҷуди ҳама сахтиҳо, ӯ моро ба по рост кард. Афсӯс, ки ҳам он замон ва ҳам имрӯз касоне ёфт шуданд, ки ҷуръат карданд ба ӯ ҳамла кунанд…
Модари ман зани қаҳрамон буд. Ӯ фарзандони Турақулро ба Шекер овард ва гуфт: «Шумо қирғиз ҳастед, бо халқи худ бошед!».
Ӯ моро миёни мардум ба воя расонд ва бо дарки амиқи тааллуқ ба халқи қирғиз тарбия кард.
Ӯ ба мо чунин мегуфт:
– Чингиз, Илгиз, фарзандони ман, духтаронам, шумо фарзандони Турақул ҳастед. Шумо аз насли Қитай ҳастед. Саратонро баланд доред. Дар ҳар куҷое бошед, номи падарро доғдор насозед.
Ҳар ду бародарам ва хоҳарам умри худро ба халқи худ, ба сарзамини худ бахшиданд. Оё касе метавонад бигӯяд, ки онҳо ба касе бадӣ кардаанд?
Марo махсусан ин чиз ба андуҳ меорад, ки ҳама айбҳоро бар дӯши Чингиз бор мекунанд ва ӯро дар ҳама чиз гунаҳкор мешуморанд.
Эҳ, кош ӯ имрӯз меомад ва мегуфт: «Ин хел нубед, воқеият чунин буд» – шояд овозапардозон хомӯш мешуданд…
Бародари ман Чингиз халқи қирғизро ба тамоми ҷаҳон муаррифӣ кард. Ӯ достони «Манас»-ро ба ҳар гӯшаи олам расонд. Чӣ қадар заҳмат кашид барои рушду густариши забони қирғизӣ дар шароити низоми Шуравӣ! Чӣ қадар бо мансабдорони вақти худ мубориза бурд, то мактабҳои қирғизӣ дар Фрунзе боз шаванд. Ва ба ифтитоҳи ду мактаб муваффақ шуд!
Аммо имрӯз худи мо бо танқиди хотираи ӯ назди тамоми ҷаҳон худро шармсор месозем…
Ҳатто дирӯз намояндагони халқи қазоқ ба ман занг заданду пурсиданд: «Дар кишвари шумо чӣ рӯй медиҳад? Чаро дар гирди Айтматов ин қадар ҷанҷолҳо зиёд шудаанд?».
Ҳарчанд дилам барои бародарам месӯзад, ман наметавонам аз халқи худ рӯй гардонам. Ба онҳо чӣ ҷавоб медодам? Ман ҳам номусу шараф дорам. Хеле шармовар ва дарднок буд…
Ҳеҷ яке аз овозаҳои интернетӣ ба ҳақиқат мувофиқ нест. Барои ҳарфҳоям далелҳои муътамад дорам.
Овозаҳо паҳн шуданд, ки гӯё Чингиз ба забони русӣ менавишт, забони қирғизиро намедонист ва ҳеҷ гоҳ ба қирғизӣ эҷод накардааст. Барои чунин одамон муҳим нест, ки китобҳои ӯ ба 185 забони ҷаҳон тарҷума шудаанд.
Барои онҳое, ки аз ин ҳақиқат бехабаранд: аз рӯйи шумораи китобҳои нашршуда Айтматов дар ҷаҳон баъд аз Шекспир ва Толстой мақоми сеюмро ишғол мекунад.
Сабаби онро ки чаро ӯ баъдан ба забони қирғизӣ камтар навишт, низ равшан мекунам.
Соли 1957 дар Қирғизистон бародари маро бархе мансабдорони баландпояи шуравӣ бераҳмона таъқиб карданд. Онҳо иддао мекарданд, ки гӯё аз Маскав номае расидааст, ки дар он навишта шудааст: «Ин ҷавон, яъне Айтматов зидди идеологияи шуравӣ баромадааст, адабиёти шуравиро зери шубҳа мегузорад, ӯро бартараф кунед!».
Мансабдорони маҳаллӣ, ба истилоҳ, «зиёдаравӣ карданд»: ӯро ба беморӣ расониданд, аз чопи асарҳояш боздоштанд, таҳқир карданд.
Ҳатто ба модари ман мегуфтанд: «Агар лозим шавад, коре мекунем, ки писарат Чингиз тақдири падараш Турақулро такрор кунад. Бигзор навиштанро бас кунад!».
Тасаввур кунед ҳолати модареро, ки чунин суханонро мешунавад…
Чингиз муддати тӯлонӣ наметавонист аз бистар бархезад. Танҳо пас аз сафед гардидани номи падар кам-кам рӯ ба беҳбудӣ овард. Эҳтимол, рӯҳи падар пуштибонаш буд. Ман номҳои онҳоеро, ки ин таъқибу таънаҳоро роҳандозӣ карданд, намеорам. Онҳоро низ бахшидаам.
Маҳз бинобар ҳамин фишорҳо ӯ имкони навиштан ва нашр шудан ба забони қирғизиро надошт. Ин худи мо – қирғизҳо – ба ӯ иҷоза надодем, ба роҳаш санг андохтем.
Вай дер боз роҳе намеёфт, намедонист чӣ бояд кард. Дар бораи монеаҳои эҷодие, ки мансабдорони Ватанаш барояш эҷод мекарданд, шоири бузурги шуравӣ ва рус Александр Твардовский огоҳ шуд. Маҳз ӯ бародари маро дастгирӣ кард ва гуфт: «Чингиз, ба русӣ бинавис! Мо туро дар маҷаллаи “Новый мир” нашр мекунем. Он гоҳ ҳамватанонат ба ту даст расонида наметавонанд». Ҳамин тавр, ӯ ба забони русӣ эҷод карданро оғоз намуд.
То ҷое ки медонам, тақрибан понздаҳ сол асарҳои ӯ умуман дар Қирғизистон нашр намешуданд, танҳо дар Русия чоп мегардиданд. Инро низ метавон бо далел исбот кард. Ҳол он ки Чингиз дар Шекер, миёни деҳқонони одӣ ба воя расида буд, забони модариро ба хубӣ медонист, китобҳои аввалини худро ба қирғизӣ навишта буд. Ӯ ба забони модарӣ ифтихор мекард ва онро ҳимоя менамуд.
Мардуми қирғиз ҳеҷ гоҳ аз Айтматов бадие надидааст, ҷуз некӣ. Ӯ бо тамоми вуҷудаш барои ҳар яки шумо месӯхт.
Бархе ӯро гунаҳкор мешуморанд, ки гӯё дар солҳои 1990-ум, замоне ки мардум дар тангдастӣ қарор дошт, «дар Аврупо бо айшу нӯш зиндагӣ мекард». Ин дурӯғ аст. Ӯ сафири Қирғизистон буд ва нахустин касе шуд, ки робитаҳои кишварро бо Ғарб барқарор кард: бо Фаронса, Белгия, Англия ва Олмон.
«Халқи ман дар Осиёи Марказӣ зиндагӣ мекунад. Мо, қирғизҳо, ҳарчанд халқи камшуморем, аммо қодирем муносибатҳои баробарҳуқуқ барқарор намоем»,- бо чунин андешаҳо ӯ дар шинохти байналмилалии ҷумҳурии ҷавони истиқлолёфтаи мо саҳми бузург гузошт. Фаъолияти дипломатии ӯ саҳифаи ҷудогона ва бисёр муҳими таърих аст.
Бо вуҷуди ин, касоне ҳам ҳастанд, ки иддао мекунанд, гӯё дар рӯйдодҳои Ош дар соли 1990 Чингиз Айтматов дар «ҷониби ӯзбекҳо» қарор дошт. Бигзор ман дар ин бора низ нақл кунам, сипас худатон доварӣ кунед.
Пас аз ҳаводиси соли 1990 аз ӯ пурсидам:
– Чаро ту фавран ба Ош нарафтӣ ва ба Ӯзбекистон парвоз кардӣ?
Ӯ он вақт чунин ҷавоб дод:
– Вақт набуд. Ман он рӯзҳо дар Маскав будам. Аз он метарсидам, ки муноқиша ба бархӯрди мусаллаҳона табдил ёбад, бинобар ин тасмим гирифтам бо Ислом Каримов мулоқот кунам. Бо ёвари ӯ тамос гирифтам. Ӯ гуфт: «Хуб, Ислом Абдуғаниевич шуморо қабул мекунад». Таъхир кардан мумкин набуд, маҷбур шудам фавран парвоз кунам. Аз ҳамин сабаб натавонистам ҳамон дам ба Қирғизистон баргардам.
– Пас ту ба Каримов чӣ гуфтӣ?,- пурсидам ман, ҳанӯз аз ҷавобаш ба худ наомада.
Ӯ гуфт:
– Ислом Абдуғаниевич маро интизор буд. Ман бо ду нависандаи ӯзбек ворид шудам, мо муддати тӯлонӣ суҳбат кардем. Дар анҷом ба Президенти Ӯзбекистон гуфтам: «Мо халқҳои хешу таборем: қирғизҳо, ӯзбекҳо, қазоқҳо – бо решаи муштарак. Агар миёни мо низои ҷиддӣ аланга гирад, ин метавонад барои тамоми Осиёи Марказӣ ба фоҷиаи бузург табдил ёбад».
Дар посух Каримов гуфт: «Чингиз Турақулович, ман шуморо фаҳмидам. Ягон сарбози мо марзи Қирғизистонро убур нахоҳад кард».
Ва ӯ ба ваъдааш вафо намуд.
Ҳамин тавр, бародари ман ҷанги бузургеро дар Осиёи Марказӣ пешгирӣ кард. Агар он замон низоъ ба оташи ҷанг табдил меёфт, мо то имрӯз ҳам оқибатҳои онро мечашидем. Оё метавон касеро, ки ҷангро миёни Ӯзбекистон ва Қирғизистонро пешгирӣ кардааст, хиёнаткор номид?
Ҳамчунин касоне ҳастанд, ки Айтматовро дар интихоб шудани Аскар Акаев гунаҳкор медонанд. Ин низ дурӯғ аст.
Аскар Акаевро на Айтматов, балки Шурои Олӣ интихоб карда буд. Вақте ки се номзади қаблӣ овози кофӣ нагирифтанд, бародари ман танҳо чунин пешниҳод кард: «Ба ин ҷавон – Акаев – диққат диҳед, агар муносиб бошад».
Ин ҳақиқат аст. Худи бародарам дар лаҳзаи интихобот дар Қирғизистон ҳузур надошт ва ба ҳеҷ ваҷҳ дахолат накард, барои номзадии ӯ давутоз ҳам нанамуд. Акаевро вакилони он давра мустақилона ҷонибдорӣ намуда, интихоб карданд.
Мехоҳам бигӯям: мо набояд ҳатто президентҳоро сиёҳ намоем. Президент низ рамз аст, чун парчам, нишони давлатӣ ва Манаси мо. Чаро мо рамзҳои худро ба лой молида, қадрашонро мешиканем? Дар назди ҷомеаи байналмилалӣ мо чӣ гуна менамоем?
Акнун дар бораи муҳимтарин масъала. Мардуми азизу меҳрубони ман, ба назар мерасад, касоне ҳастанд, ки мехоҳанд дар ҷомеаи мо тухми нифоқ бикоранд. Чӣ гуна метавонем ваҳдати худро ҳифз кунем, ба туъмаи касе табдил нашавем ва иҷоза надиҳем, ки моро таҳқир кунанд?
На бародари маро ситоиш кунед ва на ӯро сиёҳ намоед – бигзор бо оромӣ бихобад. Агар хоҳиши сарзаниш доред, маро сарзаниш кунед. Гуноҳҳои эҳтимолии ӯро бар дӯши худ мегирам. Рӯҳи гузаштагонро ноором насозед!
Ҳатто фикр дорам аз ҳукумат хоҳиш намоям, ки ҷашни 100-солагии Чингиз баргузор нашавад. Аллакай мебинам, ки боз эътирозҳо оғоз меёбанд: «Имкон дошт, ин маблағҳоро ба кори дигаре сарф кард!».
Бинобар ин, пешакӣ хоҳиш мекунам: бигзор маблағҳое, ки барои таҷлили 100-солагӣ пешбинӣ шудаанд, беҳтараш ба кумаки мардуми одӣ равона гарданд. Ин самимитарин ва воқеитарин ёдгоре хоҳад буд барои ӯ.
Дар анҷом, мехоҳам ба ҷомеаи мусалмон низ муроҷиат намоям.
Модари ман таҳсили худро дар мадрасаи занона ба поён расонида буд, хати арабиро хуб медонист ва “Қуръон”-ро мустақиман аз китоб мехонд. Ҳар он чӣ медонист, ба мо низ меомӯзонд. Бештар ин таълим ба писари калонӣ дахл дошт. Дар замони шуравӣ нигоҳ доштани Китоби муқаддаси “Қуръон” дар хона иҷоза надошт, аммо дар сандуқи модарам, чунон ки дар ёд дорам, “Қуръон” пинҳон нигоҳ дошта мешуд. Ӯ бо вуҷуди бемориҳо рӯза медошт ва ба мо аз тафсири оятҳои “Қуръон” қисса мекард.
Дар сахттарин лаҳзаҳои зиндагӣ мегуфт, ки Худованд ӯро меозмояд, бояд сабр кунад, бояд фарзандонро ба по рост намояд. Ба гумонам, маҳз дониши “Қуръон” ба ӯ кумак кард, то бар мушкилиҳои зиндагӣ пирӯз ояд. Ӯ ин донишро ба мо – фарзандонаш низ омӯзонд.
Бародари ман аз тарафи модар – Ренат – ба ёд меовард, ки ҳар дафъа китобҳои Чингиз ба табъ мерасиданд, модар ба ҳуҷраи худ танҳо мерафт ва бо адои намоз шукри Парвардигорро ба ҷо меовард.
Бобои модарии ман – Ҳамза, дар бунёди мадраса ва масҷид саҳм гузошта, дар густариши ислом миёни қирғизҳо нақши бузург дошт. Бобокалони мо аз тарафи модаркалон замоне вазифаи муфтии Сибир ва Қазоқистонро бар уҳда доштааст. Мо аз авлоди чунин шахсиятҳои барҷаста ҳастем.
Аз ин рӯ, суханоне, ки гӯё Айтматов «аз дин дур шудааст», пуч ва беасосанд. Ӯ ба имон эҳтиром мегузошт ва зиндагии худро дар роҳи хизмат сипарӣ мекард. Ба ҷуз худи Худо, ки метавонад имони ҳақиқии инсонро чен кунад?
Дар бораи эътиқод ва маънавияти ӯ китобҳои Чингиз гувоҳӣ медиҳанд. Новобаста аз дину мазҳаб, мардум ба осор ва андешаҳои ӯ посух медиҳанд; магар ин далел нест, ки бародари ман низ инсоне наздик ба Худо буд?
Дар рӯйдодҳое, ки ӯ тасвир кардааст, ҳар як қаҳрамон намунаи воқеӣ дорад. Мо бо онҳо зиндагӣ мекардем, ҳамсоя ва хешованд будем. Дар китобҳои ӯ хаёлбофӣ нест. Тулғуной-апа воқеӣ буд, Ҷамила аз авули мо буд, Исмоил, Дуйшен… Ҳамаи ин дар асри бистум рух додааст. Чингиз Айтматов низ нависандаи асри бистум буд. Имрӯз замон дигар аст, рӯйдодҳо дигар, мафҳумҳо дигар. Аммо новобаста аз замон, чунон ки худи ӯ гуфтааст, бар дӯши мо ҳар рӯз як вазифа ҳаст – инсон будан.
Мардуми азизу гиромии қирғиз, ҳамдиёрони таласиам! Шумо моро дар рӯзҳои сахт танҳо нагузоштед, наҷот додед. Имрӯз низ хоҳиш мекунам: нагузоред номи Чингиз поймол гардад!
Халқи рӯ ба рушд худро эҳтиром мекунад ва фарҳанги худро ҳифз менамояд. Биёед дар сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ кунем ва дар баробари бадхоҳон ҳушёр бошем!
Бишкек, 26-уми январи соли 2026
Роза Тӯрақуловна Айтматова
Тарҷума ва таҳияи О.Нозир
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ