108 паҳлавон дар Ҷоми раиси шаҳри Душанбе

26-уми апрел дар Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии куштӣ баргузор мешавад.

Дар ин мусобиқа 108 паҳлавон аз 25 кишвар дар вазнҳои 65 кг, 78 кг, 95 ва +95 рақобат мекунанд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 20 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Духтарон танҳо дар вазни то 70 кг қувва месанҷанд.

Ҳайати Тоҷикистонро Муллораҷаб Халифаев, Суҳроб Боқиев, Муслимбек Каримов, Сарвар Абдушукуров (ҳама 65 кг), Маҳмадшариф Наҷмиддинов, Раҳматуллобек Фарҳодов, Қоим Шукронов, Абубакр Боқиев (ҳама 78 кг), Исроил Раҳимов, Улуғбек Раҳимов, Комроншоҳ Устопириён, Муҷиб Меҳробҷонзода (ҳама 95 кг), Шакармамад Мирмамадов, Шарифҷон Назриев, Дадахон Қурбоналиев, Фирдавс Насимов (ҳама +95 кг) ва дар вазни 70 кг миёни бонувон Ҷонона Назарова, Шоҳида Қаландарова, Фазилат Гулбоева намояндагӣ мекунанд.

Ҷоизаи умумии мусобиқа 110 ҳазор доллар аст. Ҷойи аввал 10 000, ҷойи дуюм 5 000 ва сеюм 2 500 доллар мегирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *