12 май Президент ба  олимон чӣ мегӯяд?

Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, рӯзи шанбе, 12 май мулоқоти ғайринавбатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо олимони тоҷик доир мешавад. Ба гуфтаи онҳое, ки алакай барои ширкат дар ин мулоқот номнавис шудаанд, як мавзӯи матруҳа дар ин дидор фошкориҳои пойгоҳи «Диссернет” хоҳад шуд. «Диссернет” то имрӯз 32 олими тоҷикро ба асардуздӣ айбдор кардааст. Эмомалӣ Раҳмон ахиран хитоб ба олимони асардузд гуфт, «вақте ки худатон чизе навишта наметавонед, чаро академику профессору номзаду доктори илм мешавед? Миллату давлатро шарманда кардед!” Қарор аст, рӯзи шанбе, 12 май як мулоқоти ғайринавбатии раисиҷумҳури Тоҷикистон бо намояндагони ҷомеаҳои илмиву донишгоҳии кишвар баргузор шавад. Дар ин бора ду корманди муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон, ки алакай барои ширкат дар ин мулоқот номнавис шудаанд, хабар додаанд. Ба гуфтаи онҳо, дар мулоқот бо Президент аз ҳар факултаи мактабҳои олӣ ва ҳар муассисаи илмӣ чанднафарӣ даъват шудаанд. Шояд дар ин мулоқот дар баробари масоили дигар мавзӯи фошкориҳои ахири пойгоҳи «Диссернет” низ матраҳ шавад, чунки ин мулоқоти оҷил ва берун аз нақша буда, дар пасманзари авҷи фошкориҳои «Диссернет” сурат мегирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *