Роҳбари БАТР дар Тоҷикистон иваз шуд

Рика Ишӣ роҳбари нави Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) дар Тоҷикистон таъйин шудааст.

Дафтари матбуоти  БАТР хабар медиҳад, ки Рика Ишӣ  аз 1 сентябри соли 2021 ба иҷрои вазифаҳояш шурӯъ мекунад. Иши Айтен дар ин вазифа Айтен Рустамоваро иваз кард, ки сардори минтақавии БАТР дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон таъйин шудааст.

Ба гуфтаи намояндаи бонк, ӯ аз бозгашти дубора ба кори худ дар Осиёи Марказӣ хушҳол аст.

“БАТР солҳои охир дар Тоҷикистон хеле фаъол аст ва ба васеъ намудани дастрасӣ ба маблағҳо барои намояндагони бахши хусусӣ, занони соҳибкор ва модернизатсияи инфрасохтори коммуналӣ мусоидат мекунад”, -зикр кард Ишӣ.

Вай изҳори хоҳиш кард, ки малака ва таҷрибаи худро барои тавсеаи ҳамкории бонк ва ҷумҳурӣ истифода намояд.

Фаъолияти Рика Ишӣ  дар БАТР аз соли 1997 оғоз гардидааст. Дар як қатор кишварҳое, ки амалиётҳои бонкӣ сурат мегиранд,  дар вазифаҳои иқтисодчии калон ва иқтисодчии пешбари соҳавӣ фаъолият дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *