136 муҳоҷири тоҷикро ба Ватан бармегардонанд. Чаро?

22 декабри соли 2021 дар доираи таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, Консули Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз Боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ воқеъ дар деҳаи Сахаровои шаҳри Москва боздид ба амал оварда, бо ҳолати нигоҳдории шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он муассиса шинос гардид.

Зимни мулоқот бо Роҳбари Боздоштгоҳи мазкур Алексей Лагода масоили ҳуҷҷатгузорӣ ва зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин кормандони Сафорат бо шаҳрвандони боздоштгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот анҷом дода, ба саволу дархостҳои онҳо посухҳои мушаххас ва маслиҳатҳои ҳуқуқӣ доданд.

Ба шаҳрвандон доир ба талаботи қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират ҷиҳати дар оянда такрор нашудани қонунвайронкуниҳо вобаста ба будубош дар қаламрави Россия маълумот ва тавсияҳои зарурӣ дода шуд.

Дар рафти вохурӣ маълум гардид, ки айни ҳол дар боздоштгоҳ 136 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ки аз онҳо ба 133 нафарашон аз ҷониби Намояндагии дипломатӣ Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ройгон таҳия гардид.

Зимни боздид ба шаҳрвандони Тоҷикистон як миқдор маводи ғизоӣ, либос ва дигар маҳсулоти мавриди ниёз тақдим карда шуд.Корҳо дар самти шиносоӣ бо шароити боздоштгоҳҳо, ҳуҷҷатгузорӣ ва баҳри ҳарчӣ зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида, дар тамоми шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия мунтазам анҷом дода мешаванд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.