15 миллион сомонӣ ҳамасола – дастгирии давлатӣ ба соҳибкории занон то соли 2030
28 июли соли 2025 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори навбатии худ (№420 аз 28.07.2025) тасмим гирифт, ки барои рушди соҳибкории занон дар ҷумҳурӣ дар давоми солҳои 2025–2030 ҳар сол 15 миллион сомонӣ ҷудо намояд. Ин маблағ барои пешниҳоди 200 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Мақсад аз ин дастгирии занони соҳибкор ва тавсеаи фаъолиятҳои инноватсионӣ, истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ аз ҷониби онҳо, махсусан дар минтақаҳо ва ҷиҳати мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим аст.
🔹Тақсимоти грантҳо чунин аст:
25 грант × 110 000 сомонӣ
25 грант × 100 000 сомонӣ
25 грант × 90 000 сомонӣ
25 грант × 80 000 сомонӣ
25 грант × 70 000 сомонӣ
25 грант × 60 000 сомонӣ
25 грант × 50 000 сомонӣ
25 грант × 40 000 сомонӣ
Аз шумораи умумии грантҳо, 10 фоиз ба лоиҳаҳои вобаста ба иқлим ҷудо мегардад.
Масъулин ва татбиқ
Кумитаи кор бо занон ва оила роҳбари татбиқ ва назорати ин барномаро ба уҳда дорад.
Вазорати молия маблағгузориро барои соли 2025 аз ҳисоби захираҳои буҷети ҷумҳуриявӣ таъмин намуда, барои солҳои минбаъда маблағгузориро дар буҷет пешбинӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки дастгирии занони фаъол ва соҳибкор, бахусус дар шароити иқтисоди миллӣ ва тағйирёбии иқлим, дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ