17 сол лозим аст, то олим хона харад.  Идомаи мусоҳиба бо академик Нуриддин Қаюмов

— Тоҷикистонро кишвари аграрӣ мегӯянд. Аммо сол ба сол нархи маҳсулоти кишоварзӣ майли болоравӣ дорад. Чаро?

— Набудани маҳсулот ва камчинӣ. Инчунин, омори дурӯғу дуруст ба нақша нагирифтан аст. Мо ин масъаларо чандин маротиба омӯхта, пешниҳод намуда будем. Ҳатто дар замони шӯравӣ супориш шуда буд, ки як барномаи махсуси сифати маҳсулот таҳия ва пешниҳод намоем. Дар байни дигар барномаҳои собиқ иттиҳоди шӯравӣ беҳтарин ҳам баромада буд. Тоҷикистон дуюмин кишвар буд, ки пешниҳодро дар ин самт ироа кард.

Як вақт гуфтанд, ки 1 миллиону 300 ҳазор тонна картошка истеҳсол шуд. Ҳол он ки, талаботи аҳолӣ аз ин ҳам камтар аст. Аммо ҳамон сол картошка қиммат шуду воридот бештар. Дар кишти ғалладонагӣ ҳам оморҳо дуруст нестанд. Агар омор ҳақиқӣ бошад, мушкилот камтар мешавад. Бо дурӯғ пеш намеравем, теша ба решаи худ мезанем. Одамони масъул бояд ба ин масъала ҷавобгар бошанд. Вазирҳои имрӯзаро бинед, хоҳанд гап мезананд, нахоҳанд, не.

— Баъзеҳо ба он назаранд, ки системаи колхозу совхози замони шӯравӣ дубора барқарор карда шавад. Оё ин имкон дорад?

— Аслан, ман ҳам зидди аз байн рафтани низоми колхозу совхозҳо будам. Олимони моро замоне муттаҳам ба он мекарданд, ки иқтисоди бозорро намедонанд. Аммо дар гузашта чӣ гуна будани колхозу совхозҳоро дар барномае ишора карда будам. Бубинед, наздик ба 200 адад колхоз замоне машҳур буданд. Раисони ин колхозҳо аксарият Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ ва дорои имтиёзҳо буданд. Ҳатто як бригадир барои фаъолияти назаррас бо мошин қадрдонӣ мешуд. Манбаи асосии даромади аҳолӣ ҳам асосан аз кишоварзӣ буд.

— Имрӯз дигар он колхозу совхозҳои муътабар нестанд. Техникаҳо фурӯхтаву замин тақсим карда шуд. Магар имкони барқарор намудан вуҷуд дорад?

— Албатта, душвор аст. Аввал 50 ҳазор га, баъдан 25 ҳазор га заминро президентӣ гуфта, ба мардум тақсим карданд. Аммо ҳоло ҳам ғайриқонунӣ истифода бурдани замин идома дорад. Боре наандешиданд, ки Тоҷикистон аз ҳисоби замин камчин аст. Дар Тоҷикистон 750 ҳазор гектар замини обӣ буд. Ҳоло 500 ҳазор гектар мондааст. “Кумак ба деҳқонон” гуфта, бо ҳар роҳ заминҳоро доданд. Деҳқон чӣ кор кард? Ҷойи он ки дар замин кишт кунад, ба писару ба наберагонаш хона сохт. Ҳамин тавр, заминҳо аз худ шуданд. Сабаби ҳамаи ин набудани назорат аст. Дар замони шӯравӣ замин моликияти давлат маҳсуб меёфт ва касе ҳуқуқи худсарона гирифтану аз худ карданро надошт. Ба бархе деҳқонон замин додаанд, вале аз сабаби гарон будани андоз наметавонанд самаранок истифода баранд. Онҳоеро мешиносам, ки дар вазифҳои баланд кор мекунанд, дар ихтиёрашон то 200 гектар замин доранд, вале чизе намекоранд. Ин оқибати бад дорад.

— Ба дасти як нафар ё гуруҳе гузаштани бозор чӣ оқибат дорад? Аз нигоҳи шумо, рақобати солим дар бозори мо ҷой дорад?

Тоҷикистон он қадар иқтисодиёти калон надорад, ки рақобат сурат гирад. Аммо мушкилот кам нест. Масалан, доир ба масъалаи шакар мехоҳам як чизро гӯям, ки воқеан аз сар гузаронидам. Аз хориҷа се нафар меҳмон ба Тоҷикистон омада буданд. Яке аз онҳо шояд аз Югославия буд, бо ман мулоқот кард. Маслиҳат пурсид, ки чӣ гуна як миқдор заминро дар ноҳияи Ёвон дастрас намояд. Мақсад дошт, ки лаблабуи қанд кишт кунанд ва корхонаи истеҳсоли қанд таъсис диҳанд. Тавсия додам, ки идеяи хуб аст ва ба ниҳодҳои блоки иқтисодӣ, ҳукумати ноҳия пешниҳод кунад, ҳатман қабулу дастгирӣ мекунанд. Ҳол он ки, дар Қирғизистони ҳамсоя наздик ба 10 адад корхонаи истеҳсоли қанд дар замони шӯравӣ буд. Ҳоло ҳамагӣ ду адад мондааст ва талаботи мардумашро қонеъ карда метавонад. Хуллас, пас аз мулоқот бо вазиру раис дар миён одамоне пайдо гардида, монеа шудаанд. Гуфтаанд, ки “шуморо кӣ даъват кард, ки биёеду инҷо чунин корхона созед?”. Онҳо худашон, агар 5 сомонӣ харида ворид кунанду 10 сомонӣ фурӯшанд, пас аз таъсиси корхона, ки агар 5 сомонӣ истеҳсол шаваду 6 сомонӣ фурӯшад, ин гуна одамон даромади муфтро аз даст медиҳанд. Барои ҳамин монеи ин кор шуданд.

— Кишваре, ки воридот дораду содирот не, чӣ оқибат дорад?

— Ҳоло бархе маҳсулот то 70 — 90 дарсад воридот мешаванд. Бо ин ҳол аз нодорӣ баромадан мушкил аст. Рафта — рафта қарздор мешавед.

— Шумо олим дар риштаи иқтисод ва академик ҳастеду шогирдони зиёд ҳам доред. Назаратон доир ба вазъи илм дар риштаи иқтисод чӣ гуна аст?

— Ростӣ, дар чанд Шӯрои диссертатсионӣ узв ҳастам. Мутассифона, баъзе кори илмиро дар минбар базӯр мехонанд. Шахсони донишманд низ зиёданд, онҳоро дастгирӣ менамоем. Дар гузашта талошу талабот ва муносибат ба илм дигар буд. Ҳоло ба аксарият ё ягон кас ваъда медиҳад, ё навишта медиҳад. Наход қоидаи илм чунин бошад?

Умуман, вазъи илми иқтисод нигаронкунанда аст. Борҳо пешниҳод кардам, ки як ҳамоиши олимони риштаи иқтисод ташкил ва гузаронида шавад, то масъалаҳои мубрамро муҳокима намоем. Бубинед, имрӯз дар Академияи илмҳо ҳамагӣ 2 академик дар самти иқтисод мондаанд: ман ва Талбак Назаров. Синну соли ҳардуямон ҳам ба ҷое расидааст.

— Метавонед чанд омилеро ном баред, ки ба пешрафти илми иқтисод дар кишвар мусоидат намояд?

— Пеш аз ҳама, беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ. Номзади илм 2 — 2500 сомонӣ маош мегирад. Дар шароити имрӯз ин пул чӣ мешавад? Дар замони шӯравӣ ба олимони ҷавон хона медоданд. Дар маҷмуъ, муносибат ба илм бояд комилан дигар карда шавад.

— Дар мо ҳамеша аз вазъи иқтисод нигаронӣ сурат мегирад. Мегӯянд, ки нархи маҳсулот баланд шуд, корхонаҳо аз байн рафтанд ва ғайра. Вале мо чандин институтҳои илмӣ, пажуҳишгоҳҳо ва ниҳодҳои иқтисодӣ дорем. Зимнан, чандин муасссаҳои олӣ дар самти иқтисод мутахассис омода месозанд. Вақте ки ба чунин вазъ расидем, зарурияти онҳо дар чист?

— Мисол, дар сохтори Вазорати кишоварзӣ ҳам чанд ниҳод, аз ҷумла Академияи кишоварзӣ ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон мавҷуд аст. Намедонам, ё ҳамоҳангӣ нест ё омили дигар, ки фаъолиятро ба танзим дарорад. Баъзан корҳои илмие, ки мекунанд, намедонам, то куҷо бархӯрд ба ин соҳа дорад. Ҳарчанд аз ҳисоби давлат ба ин сохторҳо маблағи калон ҷудо мешавад. Пеш барои илм “Госзаказ” буд. Давлат фаромиш медод ва натиҷаашро медидем. Дар панҷ сол як бор фаъолияти дилхоҳ инстут ё ниҳодро месанҷиданд. Комиссияи давлатӣ тафтиш мекард, натиҷаи корро рӯйи об мебаровард. Муайян мекард, ки то куҷо корҳои илмӣ — тадқиқотӣ самара додаанду  мавриди истифода қарор гирифтаанд. Вақте ки назорат нест, бепарвоӣ ҳам зиёд мешавад.

— Дар охир дар бораи оилаатон чанд сухан мегуфтед. Чанд фарзанд доред ва онҳо чӣ шуғл доранд?

— Ду фарзанд дорам. Писарам генерал-майор, хатмкардаи яке аз муаассисаҳои олии ҳарбии Русия аст. Чанд сол дар Тоҷикистон кор кард. Ҳоло фаъолиятро дар Каленинград идома дода истодааст. Дар синни 33-солагӣ ба ин рутбаи баланд расид. Духтарам бошад, иқтисодчӣ аст ва дар ИМА кору зиндагӣ мекунад.

Мусоҳиб:

Усмон РАҲИМЗОДА

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.