Ҳоли зори “Ай му кабутар”-и Далер Назаров ё чархофалаки мусиқии “Бобои Ғаффор”  

Чанд моҳи охир дар сегменти тоҷикӣ ва ӯзбекии YouTube оҳанг ва ё суруди машҳури Далер Назаров “хит” шудааст. Аввалан чанд сол пеш ин сурудро гуруҳи “Шамс” бо садои зебову лаҳни гуворои Нобовар Чаноров пешкаш карда буд, вале он вақт ин суруд ба ин ҳад машҳур набуд, ҳамоно оҳанг бо намоиши филми “Бобои Ғаффор” дилнишинтар қабул мегардид. Вале баъди он, ки соли гузашта як овозхони ӯзбектабор бо як ҳаваскори африқоитабор ин сурудро бозхонӣ карданд, хеле маҳбубияти баланд касб намуд. Ҳатто ба ҳунари онҳо Нобовар Чаноров аҳсанҳо навишт.

Баъди чанд моҳ ин сурудро айнан бо ҳамон шакл дар тӯю маъракаҳо талаб карданд ва ҳамаи ҳофизон ҳоло аксаран мехонанд. Шояд ин зарби ритм то ба кишвари Ӯзбекистон расида бошад, ки онро бо матн ва мусиқии андак дигаршуда Ҷамбул Муҳаммедов сароид. Бо матни хароб ва бе ишораи муаллифи мусиқӣ. Порае аз матни он сурудро, ки ба таври худам чунин фаҳмидам, дар зер меорам:

Ҳусну ҷамолинг хаёлим олдӣ,

Ширин мисолӣ кузумда қолдӣ.

Бориб аста-аста айтсам севгим,

Ё ки хаста-хаста қилайми кунглим.

Воҳ бу кабутармӣ ё кӣ парӣ,

Вой узи дилбар бунча чиройлик.

Албатта ин суруд то ҳадде дар он кишвар маҳбуб шуд, ки як кӯдаки самарқандӣ бо рафтори дилнишин ба он ҷон бахшид ва доираи шунавандагонашро зиёд кард. Ҷамбул он кӯдакро ёфт ва барои худаш аз ин суруду рафтори кӯдак имиҷ сохт.

Бигзарем аз ин.

Баъди чанд моҳи он ҳоло овозхонҳои “саршинос”-и тоҷик айнан бо ҳамон шакли харобшуда сурудро бо навбат месароянд. То ҷое пай бурдем, аввал Ёсамин Давлатзода ҳамон суруди ноби помирӣ-тоҷикиро аз ӯзбекӣ тарҷума кард ва тарҷумонро ҳамчун шоир бо номи Зайн Шамсиддин навишт. Порае аз онро барои намуна меорам:

Ҳусну ҷамолат хаёламонда,

Ширин нигоҳат басай ҷаҳонда.

Бигир дастам, мастам, масти ҷамолат,

Шудам хастам, бастам, дил ба нигоҳат.

Оҳ ту кабутармӣ ё ки парӣ,

Оҳ ба гулистон дилам мебарӣ.

Инро баъдан Фарзонаи Хуршед, модараш Сурайё Қосимова ва шавҳари собиқаш Фаридуни Хуршед ба ҳамон шакли сурудаи Ёсамин сароиданд. Ҳоло намоҳанг ё худ клип надоранд, вале дар бисёр ҷо бо садои Фарзона гӯш мекунанд. Порае аз он чунин аст:

Ҳамдилу ҳамҷон шавем ҳардумон,

Ширину Фарҳод шавем ҳардумон.

Дарду ғами сӯзиши ошиқира,

Хандида ҳайрон кунем ҳардумон.

Танҳо Фаридуни Хуршед гоҳе нақароти онро “ҷон ту кабутармӣ ё кӣ парӣ” мегӯяд, ки ба фикраш матнро тағйир дода, чун моли худ ҷилва доданӣ шудааст.

Охир, ҳамон матни зебову шевои:

Ай му кабутар, азум живҷта,

Маку ту пар-пар, азум живҷта

Ё ту биё боз ба паҳлуи ман,

Ё ки маро бар азум живҷта.

чӣ гуноҳ дошт, ки чунин матнҳои фачи бе ному нишон ӯзбекишударо ва ба гунаи фач ба тоҷикӣ баргардон кардаанд!?

Аз мардуми 10-миллионнафараи тоҷик шояд каме бештар аз як миллионаш шоир бошад, ки бо муроҷиати андактарин ба ҳамин мусиқии форам матни шинам эҷод мекарданд.

Овозхонҳои ба ном “ситора” дар тирашаби бе маҳтоби санъати имрӯзаи тоҷик, лутфан як каме раҳм кунед, то фардоиён шуморо то бас гуфтан дашному ҳақорат ва дар кору ҷонатон дуои бад накунанд.

Бо эҳтиром, як ҳаводори мусиқӣФАРЗОН

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.