1200 мутахассиси тоҷик дар Ҳиндустон такмили ихтисос кардаанд

Ҳафтаи сипаришуда дар Ҳиндустон «Рӯзи ҷумҳурӣ» таҷлил гардид.

Ба ин муносибат дар меҳмонхонаи «Ҳаят реҷенси»-и пойтахт бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона доир гардид.

Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнат Гҳош ҳозиринро хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки 26 январи соли 1950 Ҳиндустон Конститутсияи худро қабул карда ҷумҳурӣ эълон шуд. Конститутсияи Ҳиндустон адолати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва баробарии дину мазҳабҳоро кафолат медиҳад. Тайи 67 сол Ҳиндустон чун кишвари бузургтарини демократӣ дар соҳаҳои гуногун ба комёбиҳои зиёд ноил гардид.

— Ҳиндустон бо Тоҷикистон робитаҳои деринаи фарҳангӣ дорад, — гуфт Самнат Гҳош – Аз давраи барқароршавии робитаҳои дипломатӣ, аз моҳи августи соли 1992 робитаҳои ду кишвар дар сатҳи баланд қарор дорад. Тоҷикистону Ҳиндустон дар соҳаҳои иқтисод, маориф, тандурустӣ, рушди захираҳои инсонӣ, мудофиа, мубориза бо терроризм, илму техника, фарҳанг ва туризм ҳамкориро вусъат медиҳанд.

Сафир дар бораи муносибатҳои ду кишвари дӯст сухан ронда, таъкид намуд, ки то ин дам 1200 нафар мутахассисони тоҷик дар доираи Барномаи ҳамкориҳои техникии Ҳиндустон (ITEC) дар соҳаҳои гуногун ихтисоси хешро такмил доданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон ҳамчунин ҳар сол барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Ҳиндустон квота ҷудо мекунад.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов мардуми Ҳиндустонро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷашни «Рӯзи ҷумҳурӣ» табрик намуда, таъкид кард, ки халқҳои моро решаҳои чандинасраи муносибатҳои дӯстӣ ва арзишҳои умумии фарҳангӣ мепайвандад.

— Мо натиҷаҳои сафари давлатии Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модиро моҳи июли соли 2015 ба Тоҷикистон ва сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Ҳиндустон, ки моҳи декабри соли 2016 сурат гирифт, баланд арзёбӣ мекунем, — гуфт Сироҷиддин Аслов –Ҷониби Тоҷикистон пайваста талош меварзад, ки дар ростои тавофуқоти ҳосилшуда арсаҳои ҳамкориҳои густурдаро бо Ҳиндустон вусъат бахшад. Интизор дорем дар ҷаласаи 9-уми Комиссияи дуҷониба, ки нимаи аввали ҳамин сол дар шаҳри Деҳлӣ баргузор мегардад, самтҳои наву мутақобилан судманди ҳамкориҳо муайян хоҳад шуд.

Сироҷиддин Аслов ёдовар шуд, ки бо кӯмаки Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон масъалаи татбиқи Лоиҳаи таъсиси лабораторияи компютерӣ ва насби компютерҳо дар 37 мактаби таҳсилоти ҳамагонии якчанд шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон амалӣ шуд.

— Ҳамчунин мо ба Ҳукумати Ҳиндустон барои изҳори омодагӣ ҷиҳати омӯзонидани мутахассисони Тоҷикистон дар соҳаи улуми технологияҳои кайҳонӣ сипосгузорем, — гуфт С.Аслов.

Соли равон ба барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Ҳиндустон 25 сол пур мешавад. Ба ин муносибат дар ҳарду кишвар фестивалу чорабиниҳои фарҳангӣ ва намоишгоҳҳо баргузор хоҳанд шуд.

 

С. Суннатӣ,

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *