2 тонна кокаинро Уқёнуси Атлантик ба соҳил партофт

Дар соҳили Мимазани Фаронса мавҷи Уқёнуси Атлантик ҳудудан ду тонна кокаинро ба соҳил партофт. Дар чаҳорчӯби таҳқиқоти қазия 11 нафар, бо шумули шаҳрванди Олмон, боздошт шуд.

Матбуоти Фаронса рӯзи 21 июн навишт, ки қочоқбарон маводи мухаддирро дар ду қоиқи моторӣ интиқол медоданд ва қоиқҳо дар наздикии соҳили Мимазан ба фалокат дучор шуданд. Дар натиҷа халтаҳои кокаин ба об афтотанд ва мавҷ онҳоро ба соҳил баровард. Дар маҷмӯъ 18 халтаи кокаин ёфт шуд, ки ҳар кадоме 100 кило вазн дошт. Пулис мушаххас мекунад, ки ин бор ба кӣ таалуқ дорад.

Солҳои ахир офати табии борҳо халтаҳои пур аз маводи қочоқиро ба соҳили давлатҳои аврупоӣ партофт. Барои намуна, моҳи феврали соли равон мавҷ чомадони пур аз маводи мухаддирро, ки 60 миллон доллар арзиш дошт, ба соҳил баровард, — навиштааст сомонаи Newsru.com.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *