20 апрел роҳи кӯчаи Саъдии Шерозӣ то Чорбоғ баста мешавад

20 апрел дар чанде аз кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад.

Гуфта мешавад, ки дар ин рӯз аз соати 08:00 то 11:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз буриши кӯчаҳои Саъдии Шерозӣ – Ҳофизи Шерозӣ то дидбонгоҳи Чорбоғ ва аз дидбонгоҳи Чорбоғ ба тариқи хиёбони Рӯдакӣ то майдони «Дӯстӣ» тибқи хатсайри замимагардида манъ карда мешавад.

Ҳадаф аз манъи ҳаракати нақлиёт дар мавзеъҳои номбурда баргузории Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *