20 сол дар Суғд: МегаФон Тоҷикистон ҷашнвораро бо чорабиниҳои идона барои сокинон таҷлил менамояд

Рӯзҳои 3 ва 4-уми июн дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 20-умин солгарди таъсиси ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд ва ба пешвози 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои ҷашнӣ доир мегарданд.

Меҳмонон аз консерти диҷейи маъруфи Ӯзбекистон King Macarella ва ситораҳои эстрадаи тоҷик, майдончаҳои бозӣ, варзиш ва майдонҳои эҷодӣ барои кӯдакон баҳравар мегарданд. Даромад ба ҳамаи чорабиниҳои идона ройгон аст. Ягона чизе, ки шумо бояд бо худ дошта бошед, ин табъи хушу болида аст!

Рӯзи шанбе, 3-юми июн, соати 18:00 дар амфитеатри воқеъ дар кӯчаи Урунхоҷаев консерти ҷашнӣ оғоз меёбад. Майдони маъруф бо ҷойҳои нишаст ва майдони рақс дар назди саҳна метавонад зиёда аз даҳ ҳазор тамошобинро ҷойгир намояд. Меҳмонони оператори имкониятҳои нави рақамӣ сурудҳои машҳури King Macarella-ро мешунаванд, сурудҳои дӯстдоштаи ҳунармандони тоҷик — Ҷонибек Муродов, Нигина Амонқулова, Corleone ва Nikruz, диджей RVXIN-ро месароянд.

Рӯзи якшанбе, 4-уми июн, соати 11:00 дар боғи фарҳанг ва фароғати «Наврӯзгоҳ» чорабинии идона бахшида ба Рӯзи ҳифзи кӯдакон оғоз мегардад. Он 1-уми июн ҷашн гирифта мешавад, аммо барои бисёре аз волидайн ин рӯзи корӣ аст. Аз ин хотир, МегаФон Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки рӯзи якшанбе меҳмононро даъват кунад, то шумораи зиёди оилаҳо вақти худро дар фазои шодиву сурур, варзиш, бозиҳои эҷодӣ гузаронанд.

Дар даромадгоҳи асосии боғ кӯдаконро аниматорҳо ва лӯхтакҳои воқеӣ пешвоз мегиранд, ки бо онҳо метавонанд бозӣ кунанд ва акси хотиравӣ гиранд. Дар қад-қади пайраҳаи асосӣ қадам зада, меҳмонон дар чорроҳае қарор мегиранд, ки аз он чор роҳ мебарояд. Боғи «Наврӯзгоҳ» калон аст, аммо дар он роҳгум задан ғайриимкон аст: шиорҳо ва ихтиёриён бо футболкаҳои рангҳои корпоративии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ба меҳмонон роҳ нишон медиҳанд.

Роҳи якум аз тарафи чапи чорроҳа ба майдони истеъдодҳо мебарад. Дар он ҷо кӯдакону калонсолон метавонанд дар караоке сурудҳои дӯстдоштаи худро иҷро кунанд.

Роҳи дуюм аввал ба майдони варзишӣ мебарад. Кӯдакон аз машғулияти омӯзишии футбол, бандкашӣ ва бозиҳо барои тамоми оила ҳаловат мебаранд. Баъдан, майдони эҷодӣ ташкил шудааст, ки дар он шумо метавонед аз пластилин ашёҳо созед, кулчақандҳоро ороиш дода, онҳоро ҳамчун туҳфаи хотиравӣ бо худ бибаред. Зимнан, дар наздикии он як майдончаи махсус барои хурдтарин меҳмонони то панҷсола мавҷуд аст. Бо онҳо ҳамшираҳои касбӣ бозӣ мекунанд.

Роҳи сеюм аз чорроҳа ба сӯи саҳна мебарад. Дар он ҷо диҷей ва гурӯҳи рақси кӯдакона ҳунарнамоӣ мекунанд ва инчунин озмунҳо ташкил карда шуда, ғолибонро албатта туҳфаҳо интизоранд.

Роҳи чорум аз болои кӯпрук ба Ҷазираи ганҷ мегузарад. Дар давоми бозиҳо пораҳои харитаро ҷамъоварӣ карда, дастаҳо дар он ҷо ганҷ мекобанд.

Туҳфаву ҷоизаҳо аз оператори имкониятҳои нави рақамӣ меҳмононро дар ҳамаи майдонҳои бозиҳо интизоранд. Дӯстрӯякон метавонанд ширинӣ, бозичаҳо ва ашёҳои варзиширо бурд намоянд. Наврасон бошанд, барои ба даст овардани мегабайтҳои интернет, ки дар муҳорибаҳои киберварзишӣ лозим меоянд, имконият доранд.

Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» бо хушнудӣ 20-солагии фаъолияти худро дар вилояти Суғд ҳамроҳи ҳамаи сокинони шаҳри бостонии кишвар ҷашн мегирад!     

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *