Боздошти марди 32-сола барои таҳқири ҳамсари собиқаш

РВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошти як шаҳранд бо ҷурми озору азият додани ҳамсари собиқаш хабар медиҳад.

Бино ба маълумоти дарёфтшуда, кормандони милитсияи шаҳри Душанбе шаҳрванд Илҳомҷони Саъдуллоро, ки соли таваллудаш 1991, зодаи ноҳияи Восеъ, ҷамоати деҳоти Анористон, муваққатан истиқоматкунандаи маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Душанбе будааст, дастгир кардаанд.

Гуфта мешавад, ки номбурда қаблан низ бо ҷурми вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ боздошт гардида, нисбаташ ҷазои маъмурӣ татбиқ карда шуда буд, вале кирдорҳои зиддиқонунии худро ислоҳ накарда, нисфирӯзии 27-уми май дар ҳолати мастӣ, ҳангоми дар маҳаллаи Сомон қарор доштанаш, ҳамсари собиқи худро дашному ҳақорат намуда, шаъну шарафашро дар назди атрофиён паст задааст.

Тибқи иттилои манбаъ, нисбати номбурда маводи зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди санҷиши пешакӣ қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *