2000 сомонӣ мехоҳед? Дар озмуни “Тоҷикистон” ва Рressa.tj иштирок намоед

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар соли 2022 озмуни “Аҷибу наҷиб”-ро эълон мекунад. Акнун шумо имкон доред дар бораи онҳое нависед, ки рӯзгори ғайриоддӣ ба сар мебаранд, ихтирооти аҷибу ғариб доранд, зиндагиашон нотакрор аст, соҳиби истеъдоди модарзодӣ ҳастанд, бо амале, рафторе, хулқе аз дигарон фарқ мекунанд. Онҳо ҳамгузар, ҳамдеҳа, ҳамшаҳрии шумо ҳастанд. Шояд пушти девори ҳавлии шумо зиндагӣ доранд.

Муҳим нест, ки дар кадом жанр шумо аҷобату наҷобати онҳоро баён мекунед. Муҳим, ки интихоби шумо нотакрор, навиштаатон таъсиргузор бошад!

Албатта, шумо чунин касони аҷибу наҷибро мешиносед. Яке дар ҳафтсолагиаш “Шоҳномаи”-и Фирдавсиро аз бар кардааст, дигаре бо дандонҳояш мошини сабукравро мекашад, сеюмӣ беист дақиқаҳо механдад, чаҳорумӣ харро пуштора карда дар кӯча қадам мезанад, панҷумӣ чашмонашро чаппа карда, аз косахонаи сар мебарорад, ҳафтумӣ…, ҳаштумӣ… ва ҳоказо.

Маводи шумо дар доираи озмуни “Аҷибу наҷиб” чоп мешавад. Маводҳо метавонанд матнӣ ё видеоӣ бошанд. Муҳим он аст, ки дар ҷои дигар чоп нашуда бошанд. Ҳаҷми маводи матнӣ то ду саҳифаи компютерӣ, ҳуруфи 14, видео на беш аз 5 дақииқа.

Ғолибонро мукофоти

пулӣ интизор аст:

Ҷойи аввал — 2000 сомонӣ;

Ҷойи дувум — 1000 сомонӣ;

Ҷойи сеюм — 500 сомонӣ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *