21 тонна ангуру 156 кило нашъа, бори фура аз Тоҷикистон, ки дар «Ойбек» ба даст афтод

Хадамоти матбуоти боҷхонаи Ӯзбекистон хабар дод, ки ахиран дар посгоҳи “Ойбек” кормандони боҷхонаи вилояти Тошканд аз кӯшиши қочоқи миқдори хеле бузурги маводи мухаддир пешгирӣ кардаанд.  

 Кормандони боҷхона ё гумрук як мошини фураро, ки тибқи санадҳояш, 20,8 тонна ангур дошт ва тариқи Ӯзбекистон ҳамчун транзит ба Русия мерафт, тафтиш карданд. Системаи электронӣ нишон додааст, ки ин мошин бори аввал вориди қаламрави Ӯзбекистон мешавад. Ба ин далел, мошинро ба таври мӯшикофона тафтиш кардаанд.  

Шубҳаи кормандони боҷхонаро фарши бордони мошин барангехт ва онҳоро ин мошинро барои тафтиши боз ҳам амиқтар ба боҷхонаи “Янгийӯл” интиқол додаанд. Дар инҷо ҳамаи ангурро аз мошин фароварда, қисмати фарши мошинро тафтиш кардаанд. Дар натиҷа як пинҳонгоҳеро пайдо кардаанд, ки бо пенополиуретан, як навъ кафки кимиёвӣ, ки дар сохтмонҳо зиёд истифода мешавад, пӯшонда шуда буд.

Кормандони боҷхона фарши мошинро канда, дар дохилаш 141 зарфи пластикии рангаш сабзро пайдо карданд.   “Дигар ҳамаро як суол ҷазб мекард, ки оё дар дохили ин зарфҳо чӣ бошад? Ҳамин тавр, дар натиҷаи истифодаи технологияҳои муосир, саривақт кӯшиши қочоқи дар маҷмӯъ 156 кило маводи мухаддир пешгирӣ карда шуд. 149 килою 760 грамм ҳашиш, 4 килою 440 грамм афюн ва 1 килою 520 грамм ҳероин ҳамчун далели шайъӣ мусодира гардид”гуфта мешавад дар иттилоияи хадамоти матбуоти боҷхонаи Ӯзбекистон.

Дар робита ба ин ҳодиса бо иттиҳоми қочоқи миқдори бузурги маводи мухаддир парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *