Санъат Раҳим

25 фавтидаву 46 маҷруҳ дар корхонаҳои саноатӣ

Давоми соли 2022 дар корхонаҳои саноатӣ ва истихроҷи маъдан дар Тоҷикистон 25 кас ҷон бохта, 46 нафар маҷруҳ шудаанд. Дар ин бора Санъат Раҳим — раиси Хадамоти назорати бехатарӣ дар соҳаи саноат дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. 

«Ҳодисаҳои нохуш ба сабаби бемасъулиятии муҳандисон, беаҳамиятии ҷабрдидаҳо, риоя накардани технологияҳои коркарди кон ва надоштани мутахассисон сар задааст»,- шарҳ дод ӯ.

Санъат Раҳим низ дар суҳбат гуфт, ки ҳодисаҳои нохуш бештар дар корхонаи «Зарафшон» (корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин), Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой, Гуруҳи илмӣ-техникии Ҳуайе Хитой дар Тоҷикистон, ТГЭМ, «Анзоб», «Талко Голд», «Оби шифобахш» ва ширкати «Ориён нафт» рух додааст.

Ба иттилои расмӣ, соли гузашта барои нақзи қоидаҳои бехатарӣ 297 мансабдору шахсони воқеиро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, беш аз як миллион сомонӣ товон бастаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *