26 соли бебаҳор. 76-солагии Олимпур (10 акс)

Агар умр вафо мекард, имрӯз мубаллиғи фарҳанги тоҷик, пайвандгари дилҳои аҳли илму адаби форсизабонон Муҳиддин Олимпур 76-сола мешуд.

Муҳиддин Олимпур шахсияти фарҳангӣ ва адибе буд, ки дар ҳама доираҳо ӯро ҳамчун мубаллиғи фарҳанги Шарқу Ғарб эътироф мекарданду мекунанд. Доимо дар фикру зикри навигарӣ ва ҷустуҷӯи ҳаводиси фарҳангӣ буд. Ӯ 2-юми марти соли 1946 дар деҳаи Шамтучи ноҳияи Айнӣ дар хонадони кишоварз ба дунё омадааст. Аз овони хурдӣ ба наққошӣ ва аккосӣ майлу рағбати зиёд дошт. Ин истеъдод самти ояндаи фаъолияти эҷодкорро мушаххас намуд. Баъд аз хатми дабиристони деҳаи Шамтуч ба Омӯзишгоҳи наққошии ба номи Мирзораҳмат Олимови шаҳри Душанбе ҳуҷҷатҳояшро супорид. Муҳиддин Олимпур солҳои 1963-1965 дар Омӯзишгоҳи рассомӣ таҳсил кардааст. Пас аз хатм ҳамчун аккос ва ороишгар ба рӯзномаи серхонандатарини он солҳо — “Комсомоли Тоҷикистон” ба ҳайси тарроҳ ба кор меравад. Инчунин, дар баробари кор дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” ӯ ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи шабонаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон супорида, онро бо муваффақият хатм кардааст.

Муҳиддин Олимпур ҳамчун журналисти сермаҳсул шинохта шудааст. Дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” то охири умр кор кардааст.

Риштабарномаҳои сафаргуфтаҳояш бо унвони “Аз Душанбе то Лос-Анҷелес” аз радиои BBC садо додаанд. Тоҷикистонро ба шунавандагони эронӣ, ки аз пайвандҳои кишвари худ бо Тоҷикистон огоҳии чандоне надоштанд, ба хубӣ шиносонд. Ӯ дар оростани яке аз жанрҳои раддаи аввали матбуоти дирӯзу имрӯз — мусоҳиба шеваи муассир ва ҳусни баёни фарқкунанда дошт. Ин буд, ки М. Олимпур чун беҳтарин журналист ба дарёфти ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ шарафёб шуд.

М. Олимпур соли 1988 дар Телевизиони Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ кардааст. Барномаи “Ситораҳои Шарқ” ба М. Олимпур шуҳрати ғайриинтизор овард. Ӯ дар ин барнома кори дӯстдоштаи худ, яъне рӯзгори пурмуаммои ҳунармандони Шарқро ҷустуҷӯ мекард. Дар ду соли фаъолият таҳиякунандагони барномаи “Ситораҳои Шарқ” -Муҳиддин Олимпур, Ҳалим Сангин ва Ҷобир Азизмуродов беш аз 20 барнома омодаву пахш карда буданд. “Ситораҳои Шарқ” дар бораи ҳунармандоне чун Аҳмад Зоҳир, Гугуш, Ҳангома, Маҳастӣ, Аҳдия, Раҷ Капур, Амитабх Баччан, Саттор, Маҳмудҷон Воҳидов, Муқаддас Набиева ва дигарон ба бинандагони Телевизиони Тоҷикистон маълумоти кофӣ дода буд.

Бо таваҷҷуҳ ба авзои Тоҷикистон дар он замон Муҳиддин Олимпур дар кори хабаррасонӣ дар симои худ журналисти воқеиро нишон медод, ба он маъно, ки гузоришҳояш бетарафона буданд, ки ин хусусият дар Иттиҳоди Шӯравии собиқ хеле кам мушоҳида мешуд. Сарфи назар аз фазову муҳити номусоид М. Олимпур ҳамеша кӯшиш мекард, ки воқеоти холиси ҳаводисро аз Тоҷикистон ба оламиён гузориш диҳад ва пайваста дар талоши он буд, ки ҷаҳониён Тоҷикистонро бештар бо ҳунару фарҳанги ғанияш бишносанд.

Вай ҷонибдори истиқлол, демократия ва сарсахттарин тарафдори забони модарию асолати он буд. Дар рафтору кирдор ва гуфтору навиштораш бараъло мушоҳида мешуд, ки ватандӯсти асил ва посдорандаву қадршинос аст. Аммо нохалафон ва нотавонбинон дар ҳар давру замон буданду ҳастанд ва ба ҳар нафаре, ки дар ҷомеа шинохта ва эътироф шудааст, санг мезананд.

Рӯзноманигорро ба таври фоҷеабор шаби 12-уми декабри соли 1995 нохалафон ва хоинони миллат ба қатл расониданд. То ҷое, ки маълум аст, асрори қатли Муҳиддин Олимпур то имрӯз яке аз мавзуҳои баҳсталаби матбуоти мост. Бо вуҷуди дар матбуот будани чандин таҳқиқотҳо, фикри ғолиб ин аст, ки сабаби ба қатл расонидани вай ҳамоно муаммо боқӣ мондааст. Дар матбуот ҳар нафаре, ки ба таҳқиқи асрори марги М. Олимпур машғул шудааст, сабаби ба қатл маҳқум кардани ӯро фош карда натавонистааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *