26-уми июн қуръакашии Ҷоми футзали Осиё-2026 баргузор мешавад
Конфедератсияи футболи Осиё ҳайати сабадҳои қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми футзали Осиё дар соли 2026-ро эълон кард. Қуръакашӣ рӯзи 26-уми июн баргузор мешавад.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар раддабандии FIFA дар ҷойи 44-ум қарор дорад, дар сабади дуюм ҷой гирифтааст. Ҳамакнун яқинан дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар як гурӯҳ бо Қирғизистон, Арабистони Саудӣ, Австралия, Лубнон, Мянмар, Кореяи Ҷанубӣ ва Малайзия бозӣ намекунад.
30 даста дар мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2026 ширкат мекунанд, ки аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ ҳашт гуруҳро ташкил медиҳанд. Инҳо шаш гурӯҳ иборат аз чор даста ва ду гурӯҳ иборат аз се даста хоҳанд буд.
Ғолибони ҳашт гурӯҳи интихобӣ ва ҳафт дастаи беҳтарини ҷойи дуюм ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 27-уми январ то 7-уми феврал дар Индонезия баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ