27 ҷангии ДИИШ-ро дар Эрон боздошт карданд

Эрон аз боздошти 27 ҷангии марбут ба гурӯҳи суннимазҳаби «Давлати Исломӣ» хабар дод, ки барномаи ҳамла ба ин кишварро тарҳрезӣ мекард.

Вазорати истихбороти Эрон рӯзи 7 август гуфт, ки ҳуввияти ин ҷангиён дар ҷараёни табодули иттилоъ бо кишвари дигари минтақа мушаххас шуд.

Ин ниҳод кишвари минтақа ва ҳамин тавр замони боздошти ҷангиёнро ошкор накардааст.

Вазорат мегӯяд, ки 10 нафар дар хориҷ боздошт шуд ба Эрон интиқол ёфт, 17 нафари дигар дар Эрон ба даст афтод. Ба гуфтаи истихбороти Эрон, панҷ нафар барномаи ҳамла ба марказҳои мазҳабии аксариятҳои шиъаро тарҳрезӣ мекарданд ва 12 нафар аз дастёрҳои онҳо буданд.

Гурӯҳи тундрави «Давлати Исломӣ» масъулияти ҳамлаи 7 июн ба порлумони Эрон ва зиёратгоҳи бунёдгузори Ҷумҳурии Исломӣ — Оятуллоҳ Хоманеӣ дар Теҳронро бар дӯш гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *