27,5 млрд сомонӣ – даромади буҷети давлатӣ дар нимсолаи якум
Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2025 ба 27,5 миллиард сомонӣ расид, ки баробари 111,5 фоизи нақша мебошад.
Тавре вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, иҷрои нақшаи даромади дохилӣ аз ҷониби Кумитаи андоз дар сатҳи 113,7 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 12,7 миллиард сомонӣ ворид шудааст. Барзиёдии воридот аз нақша 1,5 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, воридоти маблағҳо аз ҳисоби фаъолияти Хадамоти гумрук 5,7 миллиард сомонӣ ва иҷрои нақша дар ин самт 112,2 фоизро ташкил додааст. Дар муқоиса бо нақша, маблағи иловагӣ 623,3 миллион сомонӣ мебошад.
Ба иттилои Вазорати молия, дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, ки қисми даромад ва хароҷоти буҷетро дарбар мегиранд, дар нимсолаи якум 3,3 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст. Аз ин маблағ, 2,4 миллиард сомонӣ воситаҳои грантӣ ва 822,4 миллион сомонӣ қарзҳо мебошанд. Илова бар ин, аз ҳисоби хизматрасониҳои пулакӣ ба суратҳисобҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ 1,9 миллиард сомонӣ ворид гардидааст.
Дар маҷмӯъ, қисми даромади буҷети ҷумҳуриявӣ бо иҷрои 115,5 фоиз таъмин гардида, 14,5 миллиард сомонӣ ба буҷет ворид шудааст, ки нисбат ба нақша 1,9 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Буҷетҳои маҳаллӣ бошад, дар ҳаҷми 6,4 миллиард сомонӣ иҷро шудаанд, ки 110,7 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, хароҷоти буҷети давлатӣ тибқи нақша ва мутобиқ ба иҷрои воқеии даромадҳо амалӣ гардида, ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ беш аз 25 миллиард сомонӣ равона шудааст. Аз ҷумла, ба маориф 4,9 миллиард сомонӣ, тандурустӣ 1,9 миллиард сомонӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 3,2 миллиард сомонӣ, энергетика 4,9 миллиард сомонӣ ва дигар соҳаҳо маблағгузорӣ сурат гирифт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ