Парвандаи ҷиноятӣ нисбати 5 нафар дар пайи марги кӯдаки 2-сола дар кӯдакистони “Саволу ҷавоб”
Дар пайи марги як кӯдаки 2-сола дар кӯдакистони хусусии “Саволу ҷавоб” воқеъ дар шаҳри Душанбе, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбати панҷ нафар парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд.
Дар ин бора Ҳабибулло Воҳидзода, прокурори генералии Тоҷикистон 8-уми август зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба иттилои Прокуратураи генералӣ, парванда алайҳи ёрдамчии мураббия, мудири кӯдакистон, ду корманди соҳаи маориф, инчунин духтури санитарию-эпидемиологӣ оғоз шудааст.
Ба гуфтаи Воҳидзода, ҳамаи ин афрод бо гуноҳи сӯистифода ё беаҳамиятӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ муттаҳам дониста мешаванд, ки ба марги кӯдак сабаб гаштааст.
“Айни ҳол парвандаи ҷиноятӣ ба итмом расида, рӯзи 4-уми август барои баррасӣ ба суд ирсол шудааст,” – зикр кард Прокурори генералӣ.
Маврид ба таъкид аст, ки марги кӯдаки 2-сола дар кӯдакистон вокуниши шадиди ҷомеа ва ниҳодҳои ҳомии ҳуқуқи кӯдаконро ба бор овардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ