30% мошинҳо электромобил мешаванд
Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар се соли оянда то 30% мошинҳо дар кишвар барқӣ ё “электромобил” шаванд.
Дар ин бора Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар дода, гуфтааст, ки ин кор дар доираи “Барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ” бояд то соли 2028 иҷро шавад. Ин ниҳод мегӯяд, ки дар се моҳи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 6 ҳазору 47 мошини барқӣ ё “электромобил” ворид шудааст. Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати кишвар аз соли 2022 ворид кардани мошинҳои барқиро аз андоз ва боҷҳои гумрукӣ озод кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ