34 килло ҳероин сари 5 тоҷикро хӯрд

Додситонии кулли Русия аз тасдиқи айбномаи давлатӣ алайҳи 5 зодаи Тоҷикистон хабар додааст, ки дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир муттаҳам мешаванд

Парвандаи муттаҳамон дар муомилоти ғайриқонунии ҳудуди 34 кило ҳероинро додгоҳи вилояти Маскав баррасӣ мекунад.

Алайҳи панҷ зодаи Тоҷикистон Додситонии кулли Русия хабар додааст, ки айбнома, оид ба  фурӯши маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон тасдиқ гардидааст.

Тафтишот муайян кардааст, ки айбдоршавандагон аз моҳи марти соли 2019 то моҳи майи соли 2020 ба фурӯшу паҳнсозии маводи мухаддир дар ҳайати гуруҳи муташаккили ҷиноӣ машғул будаанд, — иттило додааст манбаъ ба Sputnik. 

Таъкид шудааст, ки мардони мазкур сарчашмаи расмии даромад надоштаанд.

Тавзеҳ дода шуд, ки фурӯши маводи мухаддир дар минтақаҳои гуногун, аз ҷумла шаҳру вилояти Маскав ва минтақаи Ставропол амалӣ мешуд. Дар натиҷаи ҷустуҷӯи  оперативӣ — аз муттаҳамон ҳудуди 34 кило героин мусодира шудааст.

Оид ба   тасдиқи айбнома парванда барои баррасӣ ба додгоҳи шаҳри Можайски вилояти Маскав фиристонда шудааст.

Чи тавре, ки пештар хабар дода шуд, Русия барои бозомӯзии кадрҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ кумак мекунад, мубориза бо маводи мухаддир дар минтақа таҳким бахшида шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *