357 корхонаи Тоҷикистон дар Ӯзбекистон

Феълан дар Ӯзбекистон 357 корхона бо сармояи Тоҷикистон фаъолият доранд, ки аз ин 89 корхонаи муштарак ва 268 адад комилан ба Тоҷикистон мансуб аст. Дар ин бора Кумитаи миллии омори Ӯзбекистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки то 1-уми июли соли 2025 дар ин кишвар 16 685 ширкати амалкунанда бо сармояи хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 20% зиёдтар аз як соли гузашта аст. Тоҷикистон аз рӯи корхонаҳои хориҷӣ дар ин кишвар зинаи 8-умро касб мекунад. Корхонаҳои Тоҷикистон махсусан дар соҳаи саноат, сохтмони фабрикаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус дар минтақаҳое чун Деҳнав амал мекунанд. Сармоягузорони тоҷик дар бахши истихроҷ, аз ҷумла иктишофи геологӣ ва металлургия низ фаъоланд.

Тавре директори Маркази таҳқиқоти иқтисодӣ ва ислоҳоти Ӯзбекистон Обид Ҳакимов зикр кардааст, Тоҷикистон ба даҳгонаи шарикони сатратегии кишвар дохил мешавад. Самтҳои ояндадор барои рушди минбаъда – бунёди кластерҳои саноатӣ, рушди неруи барқи обӣ (гидроэнергетика), роҳандозии долони логистикии Ӯзбекистон – Тоҷикистон – Чин ва густариши самтҳои савдо арзёбӣ мешаванд.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон зиёда аз 70 корхона бо сармояи Ӯзбекистон амал мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *