36 автобус ва 69 троллейбуси нав дар шаҳри Душанбе

Имрӯз, 11 ноябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 36 автобус ва 69 троллейбуси нав дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Тавре маркази матбуоти Сарвари давлат иттилоъ медиҳад, автобусҳои дохилишаҳрии тамғаи “AKIA ULTRA LE8” истеҳсоли корхонаи муштараки “Акиа Авесто Автоматив Индастри”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо дарозии 8 метр барои 64 нафар мусофир пешбинӣ гардидааст.

Автобусҳои нав аз лиҳози суръат, вазни камтар ва кутоҳтар будан барои фаъолият дар кӯчаҳои на он қадар васеъ дорои бартарияти зиёд мебошанд.

Корхонаи муштараки “Акиа Авесто Автоматив Индастри” аз аввали соли 2020 дар асоси фармоиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе истеҳсоли автобуси дохилишаҳриро бори аввал ба таври силсилавӣ, бо номгузории тоҷикӣ — “Акиа Ориё” оғоз намуд.

Тибқи нақша, корхонаи муштарак то охири соли равон дар маҷмӯъ 50 адад автобус истеҳсол ва ба корхонаҳои нақлиётии пойтахт интиқол медиҳад.

Автобусҳо мутобиқ ба меъёрҳои стандарти байналмилалии “Евро 5” истеҳсол шуда, дорои муҳаррики ширкати “Мерседес Бенс” ва ширкати олмонии “Zahnrad Fabrik” мебошад.

Автобусҳои нав бо таҷҳизоти гармию хунукидиҳанда ва нардбон барои маъюбон муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки баҳри бехатарӣ ва ҳамлу нақли мусофирон хизмат мерасонад.

Дар қисми болоии дохили автобусҳои нав мониторҳои калонҳаҷм насб шудааст, ки барои пахши роликҳои таблиғотӣ ва маълумотдиҳӣ истифода мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Акиа Авесто Автоматив Индастри” ҳамчун ширкати муштараки Тоҷикистону Туркия моҳи январи соли 2018 фаъолиятро оғоз намуда, автобусҳои замонавии тамғаи “Акиа”-ро истеҳсол мекунад ва дар самти саноатикунонии босуръати кишвар саҳм мегузорад.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол аз 250 то 300 адад автобус буда, шумораи кормандон аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ беш аз 100 нафарро ташкил медиҳад.

Тавре иттилоъ дода шуд, соли 2018 аз ҷониби мутахассисони корхонаи муштарак 200 ва соли 2019, 100 адад автобуси харидоринамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки айни замон дар хатсайрҳои пойтахт хизматрасонӣ менамоянд, банду баст гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *