3,6 миллиард доллар қарзи давлатии Тоҷикистон

Ҳаҷми умумии қарзи давлатии Тоҷикистон ба ҳолати 1 январи соли равон ба 3,6 миллиард доллар барбар гардидааст.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Файзиддин Қаҳҳоров, вазири молияи Тоҷикистон хабар дод.

Ӯ гуфт, ин ба 25,2 фоизи ММД-и кишвар баробар аст. Ҳамчунин,   аз ҳаҷми умумии қарзи давлатӣ 3,2 миллиард доллар қарзи беруна мебошад. 

Соли 2024 дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати кишвар бо созмонҳои байналмилалӣ барои ташаккули сарчашмаҳои иловагиии даромади буҷети давлатӣ аз Бонки Осиёии Рушд 50 миллион доллар ва аз Иттиҳоди Аврупо 14 млн евро маблағҳои грантӣ барои дастгирии буҷети давлатӣ ҷалб карда шудааст.

Файзиддин Қаҳҳорзода иброз дошт, ки нақшаи қисми даромади буҷети ҷумҳуриявӣ дар сатҳи 109,6 фоиз таъмин шуда, ба буҷети мазкур 22,7 млрд сомонӣ ворид гардид.

Ҳамзамон, иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар сатҳи 106,4 фоиз таъмин шуда, ҳаҷми умумии воридоти маблағҳо 10,4 млрд сомониро ташкил дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *