4 беморие, ки дар тобистон авҷ мегиранд

Тобистонро фасли тиллоӣ меноманд, вале бемориҳое ҳастанд, ки маҳз дар ҳамин айём бештар авҷ мегиранд. Аз ҳамин хотир ин навбат мо дар бораи чанд бемории тобистона маълумот медиҳем, то хонандагони азизи ҳафтанома огоҳ бошанд ва худро аз ин бемориҳо муҳофизат намоянд.

1. Одамони дилкасал, эҳтиёт шавед!

Бо гарм шудани ҳаво аҳволи одамоне, ки дилашон ягон иллат дорад, якбора бад мешавад. Албатта ин бесабаб нест. Ҳавои аз ҳад гарми тобистон ҳатто барои дили солим зарарнок аст, зеро дар айёми гармо дил аз ҳад зиёд хунро ба гардиш меорад. Дар натиҷа таппиши дил зиёд ва фишори хун баланд мешавад. Бо сабаби беобшавии ҷисм хун ғафс шуда, оксигенаш кам мешавад ва ҳамаи ин боиси беҳушшавӣ, сактаи дил ва фалаҷ гашта метавонад.

Барои пешгирӣ чӣ бояд кард? Агар шумо ба иллатҳои дил гирифтор бошед, доруҳоеро, ки табиб тавсия додааст, ҳар рӯз дар вақти таъиншуда қабул кунед. Дар ҳавои гарм зиёд кор ва ҳаракати ҷисмонӣ накунед ва сари луч нагардед. Хӯрокҳои серравған ва махсусан гӯшти гӯсфанд истеъмол накунед. Бештар об ва шарбатҳои мевагӣ нӯшед. Аз гармои тобистон бо оббозӣ салқин шудан мехоста бошед, эҳтиёт шавед, зеро оби сард рагҳои хунгардро танг месозад.

2. Ҷоғар доред?

Агар шумо бемории ҷоғар дошта бошед, пас бидонед, ки дар фасли тобистон нурҳои зарарноки офтоб, ҳавои тафсон ва миқдори зиёди йоди баҳрӣ сабабгори фаъолшавии ғадуди сипаршакл мегардад. Нишонаҳои хуруҷи беморӣ зиёд арақ кардан, таппиши барзиёди дил, варами атрофи чашмон, якбора вазни худро партофта, хароб шудан,  зуд-зуд пешоб кардан, ларзиши дастон ва рехтани мӯйҳо мебошад. Дар сурати пайдоиши аломатҳои мазкур дарҳол ба табибони соҳа муроҷиат кардан лозим аст.

3.  Инфексияҳои рӯдаҳо

Ҳамасола дар фасли тобистон дарунрав авҷ мегирад, ки яке аз сабабҳои асосиаш инфексияи рӯда мебошад. Бояд гуфт, ки инфексияҳои рӯда беш аз 30 намуд мешаванд. Патогенҳо дар муҳити зист, обу маҳсулот зиндагӣ мекунанд ва дар ҳавои гарм паҳн шуда, ба ҷисми инсон тавассути хӯрок, об ё дастони ифлос ворид мегарданд.  Барангезандагони инфексияҳои рӯда рангу бӯй ва таъми маҳсулотро тағйир намедиҳанд ва инсон нафаҳмида, онро истеъмол мекунаду сироят ёфта, ба дарунрав гирифтор мешавад. 

Барои пешгирӣ чӣ бояд кард? Ҳангоми ба дарунрав гирифтор шудан барои хориҷ гаштани заҳр аз организм ва барқарор намудани мувозинаи об дар ҷисм ба табибон муроҷиат кунед.

Зудтар шифо ёфтан хоҳед, бештар об нӯшед. Беҳтараш то пурра нест шудани аломатҳои сироятёбӣ аз хӯрдани хӯрокҳои серравған худдорӣ намуда, бештар биринҷоба истеъмол кунед. Фаромӯш накунед, ки қайкунӣ ва дарунравӣ реаксияҳои муҳофизатии ҷисм буда, барои тоза шудан аз заҳрҳо мусоидат мекунанд. 

4. Аэроотит – беморие, ки аз оббозӣ пайдо мешавад

Албатта тобистонро бе оббозӣ тасаввур кардан душвор аст, вале дар ин кор низ бояд хеле эҳтиёт шуд, то ба саломатии худ зиён нарасонем, зеро бемории аэроотит асосан дар дӯстдорони оббозӣ дида мешавад. Бо андаке шамолхӯрию зукоми сабук ё ба даруни ҳавзи об паридан боиси аз роҳи ҳалқу бинӣ ба гӯш ворид шудани инфексия мегардад. Нишонаҳои аввалини беморӣ шунавоии паст, пайдо шудани садо дар гӯшҳо ва сихзании пардаи гӯш мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *