4 одате, ки гурдаро бемор месозанд
Дер пешоб кардан
Гап сари он аст, ки пешобдон дар худ то 250-350 грамм обро нигоҳ дошта метавонад, вале дурудароз пешоб накардану бо пешобдони пур тоқат кардан боиси он мегардад, ки пешоб гашта ба гурдаҳо меравад.
Бисёр нишастан
Рӯзи дароз дар як ҳолат нишаста, кор кардан ё рӯзи худро ба ҳамин минвол сипарӣ намудан боиси халалдор гаштани хун дар ҷисм мегардад. Солим будан хоҳед, баъди ҳар як соат машқи бадан кунед.
Зиёд қаҳва нӯшидан
Аз ҳад зиёд истеъмол кардани қаҳва ба бофтаҳои гурда вазнинӣ меоранд, кофеин бошад, хусусияти пешобронӣ дорад ва гурдаҳоро ба бошиддат кор кардан водор месозад.
Якбора хароб шудан
Яку якбора харобшавӣ ва норасоии чарбҳо сабаби хамидани гурдаҳо мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ