наручник

5 қаллоби “хонаву заминфурӯш” ва 1 “валютчик” дастгир шуданд

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошт шудани 6 нафар қаллоб дар саросари кишвар хабар медиҳад.

Бино ба иттилои додашуда, се марди сокини ноҳияҳои Б. Ғафурову Деваштич моҳи августи соли 2021 як зани 62-солаи сокини шаҳри Бӯстонро фиреб дода, ба маблағи 140 ҳазор сомонӣ хонаи истиқоматии ҷабрдидаро мефурӯшанд ва ваъда медиҳанд, ки ба ҷойи он як хонаи 3-ҳуҷрагӣ ёфта медиҳанд. Вале маблағро ба эҳтиёҷоташон сарф намудаанд.

Инчунин хабар дода шудааст, ки моҳи феврали соли 2016 марди 55-солаи сокини шаҳри Истарвашан як марди 46-солаи ҳамин шаҳрро фиреб дода, аз ӯ 10 ҳазор доллари амрикоиро барои ба асъори хориҷӣ иваз намуда додан гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Инчунин, ба навиштаи сарчашмаи хабар дар давоми моҳи марти соли 2022 то моҳи марти соли 2023 як марди 33-солаи сокини ноҳияи Қубодиён бо роҳи фиреб ба боварии зани 42-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, 134 ҳазору 800 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки манзили истиқоматӣ бо 0,06 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ки тибқи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ ба номи падараш мебошад, ба ӯ фурӯхта, ба номи худаш ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад, аммо маблағи мазкурро ба манфиати худаш сарф намуда, то ҳол қитъаи заминро ба номи ҷабрдида ҳуҷҷатгузорӣ накарда, бо ин кирдораш ба ӯ зарари калони моддӣ расонидааст.

Ҳамин тариқ, марди 40-солаи сокини шаҳри Ҳисор соли 2017, бо роҳи фиреб ба боварии сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ 1 адад автомашинаи тамғаи “Ласети”, ки арзишаш 5 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ба номаш ҳуҷҷатгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки ба ӯ дар масоҳати 0,06 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ гирифта медиҳад, аммо номбурда автомашинаи мазкурро фурӯхта, маблағашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

РВКД менависад, ки нисбати гумонбаршавандагон тибқи Кодекси ҷиноятӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *