Илон Маск боз ҳам сарватмандтарин одами ҷаҳон шуд

Илон Маск, муассиси ширкатҳои Tesla, SpaceX, The Boring Company ва соҳиби шабакаи иҷтимоии Twitter, бори дигар дар феҳристи сарватмандтарин одамони ҷаҳон аз рӯи маълумоти Bloomberg дар ҷои аввал қарор гирифт.

Гуфта мешавад, ки дороии Маск аз аввали сол, асосан аз ҳисоби афзоиши саҳмияҳои Tesla, 55,3 миллиард доллар афзоиш ёфтааст.

Ҳафтаи гузашта Бернард Арно ба далели он, ки саҳмияҳои LVMH аз моҳи апрел 10% поин рафтанд, дар як рӯз 11 миллиард доллар аз даст дод ва дар рейтинги сарватмандтаринҳо ба ҷои дуюм гузашт.

Сарвати Илон ҳоло 192 миллиард доллар арзёбӣ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ширкати Tesla ба истеҳсоли электромобил, SpaceX ба техникаи кайҳонӣ ва The Boring Company ба инфрасохтору туннел машғуланд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *